arzon replenishment
ЗУЛАЙХО БО ҲАМДАСТИИ МАНИЖАИ ДАВЛАТ АЛБОМИ НАВАШРО МУАРРИФӢ КАРД
1356

 Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони 27-солаи тоҷик албоми ҷадиди сурудҳояшро бе иштироки мухлисон саннаи 16 ноябр дар тарабхонаи машҳури "Яккасарой ба ҳаводорони ҳунараш муаррифӣ кард. 

Муаррифии албом таҳти унвони “Намебахшам” дар тарабхонаи “Яккасарой”-и пойтахт бо иштироки танҳо ва танҳо ҳунармандони маъруф сурат гирифт ва шакли пурраи навори он санаи 20-уми ноябр, соати 18:00 ба вақти Тоҷикистон дар саҳифаи шахсии овозхон дар шабакаи YouTube ба намоиш гузошта мешавад.

Тасмими бидуни тамошобин муаррифӣ кардани албом ба хотири пешгирӣ аз сирояти бемории коронавирус гирифта шудааст. Чун ҳоло дари толорҳои коснертӣ баста ва ташкилу баргузории ҳамагуна чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ манъ шудааст, овозхон қарор додааст, албоми навашро, ки фарогири беш аз даҳ таронаи ҷадид аст, тариқи шабакаи YouTube ба саҳми мухлисонаш бирасонад. Ҳамчунин, бону Маҳмадшоева ваъда додааст, ки дар кутоҳтарин фурсат барномаи консертиашро барпо карда, хотири мухлисонашро шод мегардонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД