Arzon march 2024
Зӯроварӣ алайҳи занон: барои решакан карданаш чи бояд кард?
830


Барномаи минтақавии ташаббуси “Нури рушноӣ” барои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон бо рӯзноманигорони тоҷик дар ҳошияи семинари минтақавӣ оид ба гузориш дар бораи масъалаҳои баробарии гендерӣ имрӯз дар меҳмонхонаи “Румӣ”-и шаҳри Душанбе мавзӯи мазкурро баррасӣ доранд.

Дар ин бора Мирсаид Сатториён, мухбири сомонаи “Оила” иттилоъ дод.
Чорабинӣ дар шаш шаҳри кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон – Ашқобод (Туркманистон), Алмаато (Қазоқистон), Бишкек (Қирғизистон), Тошканд (Узбекистон), Душанбе (Тоҷикистон) ва Кобул (Афғонистон) баргузор шуда истодааст.

1_1.[6]

Ба зикри ташаббускорон, ин чорабинӣ як занҷир аз силсилаи чорабиниҳоест, ки аз ҷониби Барномаи минтақавии ташаббуси “Нури рушноӣ” дар якҷоягӣ бо шарикон дар доираи маъракаи солонаи байналмилалии «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» ташкил карда шудааст. Ин маърака аз 25- ноябр оғоз шуда, то 10 декабр - Рӯзи ҳуқуқи инсон идома хоҳад ёфт.

Чорабинии мазкур барои рӯзноманигорони минтақа заминаеро барои табодули таҷриба ва таҷрибаи пешқадам дар соҳаи баробарии гендерӣ фароҳам оварда, дар ташаккули касбии рӯзноманигорони тахассусии журналистикаи гендерӣ мусоидат хоҳад кард.

Барномаи чорабинӣ баррасии нақши ВАО дар инъикоси масъалаҳои гендерӣ, таҳлили намунаҳои матолиби бомуваффақият ва пастсифати ВАО, инчунин усулҳои таблиғи масъалаҳои гендерӣ тавассути шаклҳои гуногун, аз ҷумла ҳаҷв ва ҳикоятҳоро дар бар мегирад, зеро маҳз васоити ахбори омма ва таблиғ сарчашмаҳои асосии тағйирот дар ин мавзӯъ мебошанд.

зуровари

Ташаббуси мазкур яке аз иқдомҳои навбатии Созмони Милали Муттаҳид мебошад, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дастгирӣ мешавад. Он талошҳои умумиҷаҳонӣ барои сармоягузорӣ ба баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии занону духтаронро муттаҳид мекунад.

Барномаи минтақавӣ бо доираи васеи ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла ҷомеаи шаҳрвандӣ, пажӯҳишгарон, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва васоити ахбори омма барои дастгирии дигаргунсозии минбаъдаи гендерӣ дар минтақа ҳамкорӣ мекунад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД