Arzon march 2024
ЗОРИ ФАРЗАНД
6026

Соли панҷуми хонадории Зулайхову Насим буд. Дар ин муддат ҷавонон, ки зиндагии хубу осоишта доштанд, кӯдақдор нашуда буданд. Зулайхо ба куҷоҳо, ки нарафт, чӣ табобатҳое нагирифт, нашуд.

Оқибат ба хулосае омад, ки акнун сабр мекунад. Худо худаш сахӣ, шояд нахли умрашонро боровар гардонад. Рӯзҳо турнасон мегузаштанду навгоние ба вуҷуд намеомад. Хешовандон маслиҳат медоданд, ки ҷудо шаванд, вале Насим Зулайхоро сахт дӯст медошту намехост шикасти оилаашро. «Бисёр, ки нашуд, тифлеро аз хонаи кӯдакон мегирем», -қарор доданд зану шавҳари ҷавон ва аз волидонашон хоҳиш карданд, ки дигар сари ин мавзӯъ гап накушоянду ба зиндагии онҳо кордор нашаванд

Муждаи нек

Рӯзҳои охир Зулайхо тағйиротеро дар вуҷудаш ҳис мекард. Аз иштиҳо монда буд. Тез-тез дилаш беҳузур шуда, сараш чарх мезад. Як саҳар аз ҷояш бархостанӣ шуду сараш чархид ва якбора беҳуш шуда ба замин афтод. Дарҳол духтурро ҷеғ заданд. Пас аз муоина духтурон гуфтанд, ки ҳамааш бо сабаби ҳомиладории ӯст. Насим ба гӯшҳояш бовар намекард, Зулайхо низ. Аз шодию хурсандӣ якдигарро ба оғӯш кашида, гиристанд зану шавҳари солҳо зори фарзанд.

-Наход мо наберадор мешавем, -ашки чашмонашро поккунон мегуфтанд бибию бобоҳои хушбахт. Меҳмони пур аз роз моҳи панҷуми ҳомиладории Зулайхо буд. Акнун шикамчааш намоён шуда, рангу рӯяш ба зани ҳомила монанд гашта буд. Насим занашро эрка карда, намегузошт даст ба оби хунук занад. Шиками Зулайхоро навозишкунон бо тифли ҳанӯз дар батни модар будааш соатҳо сӯҳбат мекард, нақша мекашид, ки писарашро ба куҷоҳо мебараду чиҳо мехарад. Ба шодии кӯдаконаи писари сисолаашон менигаристанду дар чашмони падару модар ашк ҳалқа мезад ашки шодмонию фараҳмандӣ.

Хурсандӣ доштанд аҳли хонадон, бехабар аз он, ки дар паси ин шодиҳо дарду ғами бузург ва ҷудоию ҳиҷрони тӯлонӣ онҳоро нигарон аст. Абдулло ном дӯсти Насим шоме меҳмонӣ омаду ҷӯраҳо то як поси шаб сӯҳбат карда нишастанд. Сирру асроре дошт сӯҳбаташон, ки пичир-пичиркунон гап мезанданду касеро аз аҳли хонадон наздашон даромадан намегузоштанд.

Зулайхо то дергоҳ рафтани меҳмонро интизор шуду дар кунҷаки хонаи хушдоманаш хобаш бурда монд. Меҳмон кай рафту шавҳараш чи вақт хобид, намедонад, чунки субҳ бедор шуда, худро дар ҳамон хонаи хушдоман дид. Насим бошад, аллакай пайи кор рафта буд.

Бозии тақдир

Ҳамон бегоҳ Насим, ки ба тиҷорат машғул буд, барвақт ба хона баргашта гуфт, ки ҳамроҳи Абдулло азми сафари Русия дорад. Падару модар ҳарчанд насиҳаташ мекарданд, ки дар ҳамин ҷо ҳам даромади хуб дорад, кораш душвор бошад ҳам, самари хуб медиҳаду ба чизе мӯҳтоҷ нестанд, гӯш намекард. Ду пояшро ба як мӯза андохта як гапро такрор мекард:

-Кор карда меояму хонаи сеошёна месозам, мошин мехарам. Мехоҳам писарам шоҳзода барин зиндагӣ кунаду бо падараш фахр намояд. Зулайхо тавалло кард, ки ҳоҷати Русия рафтанаш нест, ба ваю писараш қаср не, саломатии худи вай лозим, шукри худо як пора нонашонро ёфта мехӯранд, зиндагии осуда доранд, аз раъйаш гардад, вале Насим ҳамоно дар азмаш устувор буд.

-Кор маъқул шавад, меистам, нашавад пас аз як-ду моҳ гашта меоям, -тасалли дод вақти рафтан занашро Насим ва таъкид намуд, ки писарашро эҳтиёт кунад.

Вақте тайёра ба ҳаво бархост дили Зулайхо ноаён такон хурд, чашмонаш даври об шуданд. Ким-кадом як қувваи ноаёне дар дилу мағзаш мегуфт, ки фоҷиае шавҳарашро дар он сарзамини дур нигарон асту як-ду моҳ он тараф истад, як-ду сол пас ҳам Насим ба Ватан бар намегардад.

Қасри панҷарадор ва тавлиди писари бепадар

«Дил гувоҳи ҳақ аст» гуфтани бузургон беҳуда набудааст, изтироби ботинии Зулайхо ҳамагӣ чанд рӯз пас тасдиқ гашт. Аз Русия хабар расид, ки ҳамон рӯзи аввали сафар дар фурӯдгоҳи шаҳри Москва ҳангоми кофтукоб аз сумкаи Насим панҷсад грамм героин ёфтаанду ба дастонаш завлона зада, бурданд. Аз ҳавои Русия бо пуррагӣ нафас нагирифта ба муддати 10 сол ҳабс кар- данд Насими ташнаи пулу молро дар ғурбат. Ба зудӣ соҳиби «қаср» гашт Насим, вале қасри панҷараоҳанине, ки нахли умри инсонро бераҳмона сӯҳон мөзанад.

Фиғони Зулайхои ҳомиладор аз шунидани ин хабар ба фалак печиду аз шиддати асабонияту дарду ғам тифлашро норасид панҷмоҳа ба дунё овард. Бозии тақдирро бинед, ки ҳамин тифлаки панҷмоҳа тавлидёфта намурд, зист бар рағми сарнавишти номард, то рузе ба дидори падар бирасад!

Паҳлавони 800 грамма

Писарчаи Зулайхо ҳамагӣ 800 грамм ванз дошт. Ду моҳ даруни дастгоҳи махсус хобид навзод. Духтурон аслан бовар надоштанд, ки ин кӯдаки гурбачамонанд зинда мемонад, вале хотири гиряҳои зори модари тифлак тамоми кори аз дасташон меомадаро мекарданд.

Шаб то рӯз мегирист Зулайхо, аз як сӯ ғами шавҳари дар маҳбас будааш, аз ҷониби дигар ғами тифлаки деринтизори норасид тавлидёфтааш ҷавонзанро дарун-дарун хӯрда ба скелет монанд карда буд. Чашмонаш ба фарқи сараш фурӯ рафта одами дидагӣ ӯро намешинохт. Аз ҳусни зебояш танҳо ҳамон кокулони марғуладор монда буданду халос.

(ИДОМААШРО ФАРДО СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР БОШЕД)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД