Ба муносибати зодрӯзи Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.
Дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Русия Владимир Владимирович Путин омадааст: “Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, Шуморо ба муносибати Рӯзи таваллудатон аз самими қалб табрик менамоям. Бо фаъолияти доманадори худ ҳамчун роҳбари давлат Шумо эҳтироми шоиста миёни ҳамватанонатон ва дар хориҷи кишвар обрӯву эътибори баландро соҳиб гаштаед. Таҳти роҳбарии Шумо Тоҷикистон дар роҳи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ босубот қадам зада, дар ҳалли масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ нақши муҳим мебозад. Бемуболиға, саҳми шахсии Шумо дар таҳкими муносиботи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии кишварҳои мо, ҳамчунин тақвияти робитаҳои барои ду ҷониб судманд дар доираи СААД, ИДМ ва СҲШ бузург аст. Аз идомаи муколамаи созандаи мо ва ҳамкории зич дар самти масъалаҳои мубрами муносибатҳои Россия ва Тоҷикистон хушҳол хоҳам буд. Аз самими қалб ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сиҳатмандии комил, некӯаҳволӣ ва комёбиҳо орзу менамоям”.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар номаи шодбошии худ ба унвонии Сарвари давлати мо чунин менигорад: “Муҳтарам ҷаноби Президент, дӯсти деринаи ман: Иҷоза фармоед табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини худро ба муносибати Рӯзи таваллудатон ба Шумо иброз намоям. Шумо дар миёни сарони давлатҳои ИДМ аз сиёсатмадорони ботаҷрибаед, бунёди давлатдорӣ дар соҳаҳои гуногун таҳти роҳбарии Шумо ба пешрафтҳои назаррас ноил гардидааст. Шумо ба муносибати дӯстона бо Чин таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоед ва дар пешбурди равобити Чину Тоҷикистон дар сатҳи олӣ саҳми босазо гузоштаед. Дар моҳи майи соли равон Шумо дар Саммити “Чин-Осиёи Марказӣ” ширкат варзида, ба Чин сафари давлатии муваффақе анҷом додед, ки зимни он миёни мо мулоқоти ҳамаҷониба ва ошкоро баргузор гардид. Мо ҳамроҳ бунёди ҷомеаи сарнавишти муштараки Чину Тоҷикистонро дар руҳияи дӯстии абадӣ, манфиати мутақобила ва ҳамбастагӣ эълон намудем ва муносибатҳои дуҷонибаро ба марҳалаи нав баровардем. Ислоҳоти васеъмиқёс ва корҳои бузурги созанда дар Тоҷикистон, ба таври мунтазам баланд шудани сатҳи зиндагии мардум, ҳарчи бештар афзоиш ёфтани нуфузи кишвари Шумо дар арсаи байналмилалӣ, бе ҳеҷ шакку гумон, бевосита бо номи Шумо вобастаанд. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври фаъол дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои минтақавию глобалии пешниҳодкардаи Шумо далели возеҳи ин гуфтаҳост.
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар табрикоти худ гуфтааст: Эъмор ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлолу мустақил, фаъолияти созанда барои муттаҳидии миллат ва барқарор намудани сулҳи дарозмуддат ба таври ногусастанӣ бо номи Шумо пайвастаанд. Шуморо дар Қазоқистон ҳамчун ходими барҷастаи давлатӣ ва Пешвои умумиэътирофгардидаи мардуми Тоҷикистон мешиносанд. Муътақидам, ки Тоҷикистон бо пайравӣ дар самти стратегии пешгирифтаи Шумо, ташаббусу ислоҳоти муҳимро бомуваффақият татбиқ намуда, ҷиҳати бунёди давлати қавию шукуфо ба ҳадафҳои олӣ ноил хоҳад гашт.Ман муносибатҳои гарму эътимодбахшамонро қадр карда, саҳми бузурги шахсии Шуморо дар таҳкими риштаҳои дӯстиву ҳамкории гуногунпаҳлӯ байни ду кишвар ва мардуми онҳо баланд арзёбӣ менамоям. Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, нерӯи беинтиҳо, хайрияти оилавӣ ва комёбиҳои минбаъдаро дар рисолати сермасъулиятатон ба нафъи мардуми бародари Тоҷикистон орзумандам”.
Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст: “Табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти маро ба муносибати Рӯзи таваллудатон бипазиред! Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандона ва дурандешонаи Шумо ба комёбиҳои азим даст ёфта, обрӯю эътибори худро дар арсаи байналмилалӣ бемайлон тақвият мебахшад. Боиси хушнудист, ки ҳамкориҳои босамар ва равобити зичи кишварҳои мо дар самту соҳаҳои васеи гуногун аз сатҳи баланди муносибатҳои дуҷониба шаҳодат медиҳанд. Ба Шумо барои таваҷҷуҳи шахсӣ ва саҳми бузургатон дар рушди муносибатҳои байнидавлатии мо изҳори сипос менамоям.”
Нурсултон Назарбоев, Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон зимни табрикоти худ овардааст: “Шумо дар тӯли 30 сол Тоҷикистонро сарварӣ намуда, дар якҷоягӣ бо мардуми худ аз сахттарин санҷишҳо гузаштед ва ҳамчун давлати мустақилу мутараққии аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда ва рӯ ба оянда тақвият ёфтед. Бемуболиға нақши шахсии Шумо на танҳо дар таҳкими муносибатҳои Қазоқистону Тоҷикистон, балки дар ҳамкории барои ҷонибҳо судманд дар минтақаи Осиёи Марказӣ назаррас аст. Ман муносибатҳои дустии бисёрсолаамонро гиромӣ медорам ва минбаъд ҳам ба идомаи муошират бо Шумо умед мебандам.”
Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев дар табрикоти худ гуфтааст: “Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович! Шумо ҳамчун пешвои асил, арбоби хирадманде, ки худро комилан ба ҳимояи манфиатҳои кишвараш, амалӣ намудани ҳадафҳои умумимиллӣ ва таъмини некуаҳволии мардуми худ бахшидааст, сазовори эҳтироми амиқ гардидаед. Ба шарофати сиёсати ҳадафманд ва босамари Шумо Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои дарпешистодаашро оид ба рушди иҷтимоиву иқтисодӣ бомуваффақият ҳал мекунад, нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ пайваста меафзояд...”
Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко чунин барқияи шодбошӣ ирсол намуд: “Ман шуморо ҳамчун ходими ботаҷрибаи давлатӣ ва пешвои қавӣ, ки дар байни шаҳравандони Тоҷикистон обрӯи инкорнопазир ва дар хориҷи кишвар нуфузи шоиста дорад, мешиносам.Ман ба рушди ҳамкории байни Минску Душанбе таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, муносибатҳои дӯстонаро бо Шумо, ки аз имтиҳони вақт гузащтаанд, азиз медонам. Ба Шумо, Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам, аз сидқи дил саломатии бардавому некуаҳволӣ ва дар фаъолияти пурмасъулиятатон муваффақиятҳои минбаъдаро орзумандам”.
Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган дар матни табрикотии худ гуфтааст: “Муҳтарам Президент, Дӯсти азизам. Рӯзи мавлудатонро шахсан аз номи худам ва аз номи миллатам бо самимонатарин эҳсосот муборакбод мегӯям. Таъмиқи пайвастаи робитаҳои кишварҳоямон, ки дорои мероси муштараки таърихиву фарҳангӣ мебошанд, боиси фараҳмандии ин ҷониб мебошад. Боварии комил дорам, ки ҳамкориҳои зичи кишварҳоямон минбаъд низ дар тамоми соҳаҳо тақвияту таҳким хоҳад ёфт. Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ тансиҳатӣ, саодатмандӣ ва умри дароз ва ба мардуми дӯсту бародар Тоҷикистон некӯаҳволиву шукуфоӣ орзу дорам”.
Номаи табрикӣ, ҳамчунин аз Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Имангали Тасмагамбетов ворид гардид. Воридшавии номаҳои табрикотӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.