Arzon march 2024
ЗИСТАНАМ ҲАЙФ БАХУДО!
30.12.2020
ОИЛА
5631

 

Салом, сомонаи маслиҳатгару ҳамрози дили мардум! Рӯзе саҳарии барвақт бо дугонаҳоям интизори нақлиёт будем, ки духтаре бо ашки шашқатор (дар тан як карта ва дар по ҳеҷ чиз надошт) ва бо сару мӯи парешон аз наздамон гузашт ва мо, духтарон ӯро дидему дарҳол аз пасаш фарёд намудем. Аммо духтар изо мекашид, ба назди мо намеомад.

Ба ин нигоҳнакарда, ман рафтам ва он духтарро дилбардорӣ намуданӣ шудам, ки дигар дугонаҳоям низ ба ман наздик расиданд. Ў ба саволи ман, ки "аз куҷо меой, ба куҷо меравӣ?" буд, гап намезаду ашк мерехт. Ва ба ҳолаш дили мо низ сӯхту ашк рехтем. Духтар дар ҳақикат ҳусни беҳамто дошт. Ў баъди дилёбӣ кардани мо ҳодисаи аз сараш гузаштаро чунин нақл кард. Бо баъзе сабабҳои маълум танҳо сарҳарфи номи ин духтараки 16-соларо, ки А... аст, меорам. Зиндагиамон хело душвор буд. Падар, модар, 4 хоҳар, 3 додар доштам. Худам фарзанди нахустин будам. Падарам дар ҳеҷ куҷо кор намекард, модарам бошад, дар як мағозаи шахсӣ фаррош шуда кор мекард. Хоҳарчаҳоям ба мактаб ва додарчаҳоям ба боғча мерафтанд. Ман бошам, дар синфи 8 мехондам. Бисёр вақт ба мактаб намерафтам, дар дарсҳо иштирок намекардам, хуб намехондам ва хоҳарчаҳоям низ бисёр вақт ба дарсҳо намерафтанд. Аммо ба хоҳарчаҳоям раҳмам меомад ва худам ба дарс наравам ҳам кӯшиш намуда, ба онҳо дафтару қалам ёфта медодам. Ва онҳоро ба дабистон ташвиқ мекардам. Оҳиста-оҳиста мактабро тамоман партофтам. Чунки бо духтарҳои кӯчагард дугона шуда будам. Ба шабгардӣ одат кардам. Дар ҳақиқат, ҷои пинҳонӣ нест, ҳусни беҳамто дорам, барои ҳамин бачаҳо тез-тез бо ман шинос мешуданд. Бо мурури вақт бо бачаҳои мошиндор, хонаву молу пулдор шинос шудам. Ба хона тӯҳфаҳои қиматбаҳо, хӯрокворӣ низ меовардам. Лекин ҳеҷ кас намепурсид, ки инро аз куҷо ёфтам. Ва ман низ ба ҳеҷ кас инро гап намезадам. Либосҳои қимматбаҳо мепўшидагӣ шудам, вале оқибат ин ҳама хушиҳо ба шаби сиёҳ мубаддал шуд. Ҳар рӯз занҳо бо фарзандонашон омада бо ман ҷангуҷанҷол менамуданд, ки хонавайронашон, бахти сафедашонро сияҳ кардам. Ба ин нигоҳ накарда, ман боз бо он мардҳо муносибати худро давом медодам. Аммо рӯзе ба сарам кулфати калонеро овардам. Рӯзи таваллудам буд, 15 январ. Ва маро барои хушҳолӣ ба тарабхонае бурданд. Дар он ҷо зиёфат оростанд. Ман аввал дар ин нимторикии тарабхона дар байни мардҳо худро каме нороҳат ҳис кардам, вале каме, ки ба ман нӯшокии спиртӣ пешкаш намуданд, дарҳол шукуфтаму нӯшидам. Камтар нишастам, рақсу бозӣ намудам, вале аз чӣ бошад, ки сарам чарх мезад. Ва ҳеҷ чизро нафаҳмидам. Баъди чанд соат ба ҳуш омада, худро дар як ҷангалзори торике дидам. Ва ба сару рӯям нигоҳ кардан нахостам. Худро яке аз бадбахттаринҳо ҳис менамудам, аммо ба ҳамаи ин беодобӣ нигоҳнакарда, яъне бетартиб буданам, худро маҷбур намуда, роҳи хонаро пеш гирифтанӣ шудам. Чун аз ҷоям бархестам, фикре ба сарам зад, ки худро оташ занам, лек боз зиндагӣ ширин намуд ба назарам. Ва оҳиста-оҳиста дар торикӣ роҳи хонаро пеш гирифтам.

Саҳарӣ соати 6.00 ба хона, назди хоҳаракону додараконам ворид шуданӣ будам, ки падарам "шармандаам кардӣ!" - гӯён маро аз хона пеш кард. Ва ман дар ин лаҳзаҳо ҳамчун санги беҳис ҳеҷ чизро ҳис накардам, на мешунавидам, на медидам, танҳо аз пеши назарам ашки шашқатору доду фиғони модараму хоҳарчаю додарчаҳоям мегузашт. Ва ман ҳеҷ гапе назада, оҳиста-оҳиста бо ашки шашқатор аз хона баромада рафтам. Дар роҳ аз хеш суол кардам, ки чаро дар он лаҳзаҳое, ки тӯҳфаҳою хӯроквориҳои қимматбаҳоро бо нархи гарон меовардам, волидону хешу таборам боре фикр накарданд, ки оқибат шарманда мешаванд. Вале акнун, ки ба чоҳ афтам, ҳеҷ кас дасти ёрӣ дароз намекунад. Чӣ кор кунам, чӣ тарз хешро нобуд кунам, ба куҷо сарамро бизанам? Пас аз 3 рӯзи ин ҳодиса дар як дӯкони доруфурӯшӣ ба сифати фаррош ба кор даромадам. Кори худро давом медодам, лекин ҳар субҳ, ки ба кор мерафтам, аз пеши назарам пеш кардани падарам ва "бероҳа, оқи падар!" гуфтанашон ҳеҷ аз гӯшам намерафт, доимо дар пеши назарам он манзара аён буд.

Имрӯз 7 рӯз аст, ки дар кӯча шабро рӯз карда истодааму ҳамеша фикри нобуд сохтани худ аз сарам дур намешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД