Arzon march 2024
Зиндагии талхи мардикордухтар (қисми 2)
3594

Моҳигул фикр намекард, ки барои табобати бибияш ин миқдор пул сарф мешавад. Аз шунидани он дар ҳайрат монд. Чеҳраи касалманди бибияш пеши назараш омаду бе ҳеҷ ваҷҳ гуфт: - Худи ҳамин рӯз пулро меорам - ва аз утоқи духтур баромада ба ҳуҷрае, ки бибияш хоб буд даромад. Ин дам холаи Саломат ба худ омада буд. Вай бо Моҳигул сӯҳбат мекард ва дар ҳар гапаш "духтарам акнун дар як хонаи калон танҳо худат чихел мегардӣ? Ба духтурон гӯй маро дар хона табобат кунанд ҳам мешавад." - мегуфт ғамгинона. Моҳигул ба бибияш таскин бахшида -бибиҷон Шумо хавотир нашавед ман ҳамсояаамон Гулчеҳраро оварда ҳамроҳ хоб меравам. Шумо нағз дам гирифта шифо ёбед кифоя. - Ӯ ин суханҳоро мегуфту фикр мекард, ки пули духтур гуфтаро аз куҷо меёбад?
- Ҳозир барои бибиям ба ҷон додан ҳам тайёрам. Аммо ин миқдор пулро аз куҷо меёбам. Аз ягон шинос қарз пурсам? - Худ ба худ фикр мекард Моҳигул.
хххххххххххххххххххххххххххх
Моҳигул аз беморхона баромад. Раҳораҳ фикр мекард, ки бояд аз куҷо маблағро пайдо кунад. Ногоҳ ба ёдаш як шиноси деринаш омад. - Ҳа Файз метавонад ба ман кӯмак кунад. Ҷойи кори хуб дорад, маошаш ҳам бад нест. Агар қарз пурсам не намегӯяд. Риштаи хешутаборӣ дорем охир... Моҳигул ба хонаи Файз омад. Ӯ дар бинои баландошёна зиндагӣ мекард. Духтарак дарро кӯфт. Файз тақ - тақи дарро шунида берун баромад ва дарро кушод.
- Э биё Моҳигул биё. - Бо чеҳраи кушод пешвоз гирифт Файз.
- Салом акаи Файз.
- Воалейкум бар салом биё хона даро.
- Не - не, ман зуд меравам. Аз Шумо як илтимос доштам....
- Хуб, тинҷӣ аст охир. Чеҳраат ғамгин менамояд. Ё ягон гап шуд.
- Ҳа бибиям бемор шуданд ва барои табобат дар беморхона бистариянд.
- Ҳозир чӣ ҳол доранд? Аз рӯйи шунидаҳоям хеле вақт боз нотобанд. Ҳамин тавр? Ҳа гуфтагибарин дар кадом беморхона бистариянд? - Моҳигул чизе гуфта натавониста ҳунггосзанон гиря кард.
- Ба ту ҳам душвор аст. Хайр зиқ нашав Худо хоҳад шифо меёбанд.
- Духтурон бемории ӯро сил ташхис гузоштаанд.
- Наход!? Акнун чӣ кор кардани ҳастӣ? Духтури таҷрибадор охир?
- Ҳа ба фикрам. Одами калонсолтар аст. Ӯ аз ман 300000 сӯм барои дорувориҳои бибиям талаб кард. - Ӯ ин гапро гуфту ба чашмони Файз нигоҳ кард.
- Эҳ номард! Аз ту 300000 талаб кард. Аблаҳи порахӯр давлат барои онҳо беҳуда маблағ медиҳад!?
- Моҳигул оби дидаашро пок карда гуфт: - Пулро бояд то бегоҳ бурда супорам. Барои ҳамин аз Шумо қарз пурсида омадам. Акаҷон бовар кунед агар қарз диҳед зуд бармегардонам.
- Моҳигул ман ин миқдор пул надорам. Агар медоштам қарз не, ба ту бебозгашт медодам. Маро маъзур медорӣ хоҳарам. - Духтарак ноумед шуда аз ин даргоҳ баромада рафт....
- Ё тавба бо одамон ҳам ҳайрон мешавӣ. Дар ҳамин солу замон кӣ ба кӣ қарз медиҳад. Боз ба духтаре ки ҳеҷ кас надорад ва бо нафақаи як кампир рӯз мегузаронад. Хайриҳат ҳам қарз надодам вагарна чӣ хел рӯёниданашро фикр карда мегаштам....
- Моҳигул аз номардии хешаш Файз дар ғазаб шуд зеро ӯ яқинан бовар ҳосил мекард, ки додани ин миқдор пул барои ӯ душвор нест. Ин дам вай мехост рафта ба Файз гӯяд, ки "бе пули ту ҳам метавонам бибиямро табобат кунам". Ва тамоми аламашро аз ӯ гирад. Моҳигул раҳораҳ ин гапҳоро фикр карда мерафт. Ногоҳ аз қафояш як садои шиносе як чан маротиба ҷеғ зад. Вай ба қафояш нигоҳ кард ки.... (Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД