Sebiston new 2024 october
Зиндагии талхи мардикордухтар (Қисми 14)
3956

 

- Модари Аъзам Муяссарбону ба ҳар роҳ мехост кампирро розӣ кунонад, зеро дар акси ҳол шавҳараш ӯро зери истинтоқ мегирифт. Холаи Саломат ваъда дод, ки розигии наберааш Моҳигулро гирифта, баъдан ба онҳо хабар медиҳад. Хостгорон бо шунидани ин ваъдаикампир хурсанд шуда, бо табъи болида баромада  рафтанд.

Бибиаш баъди рафтани меҳмонҳо ба Моҳигул ҳамаашро сода карда фаҳмонд ва таъкид кард, ки бахташро аз даст надиҳад, чунки хостгорон одамони бо обрӯ будаанд, аммо духтарак исрор мекард, ки розӣ нест.

ххххххххх

- Моҳигул, як дақиқа истед!

- Лаббай, чӣ мегӯед?

- Чаро ду маротиба хостгор фиристодам, рад кардед?

- Аъзамҷон ,гӯш кунед, ману шумо наметавонем оиладор шавем.

-Чаро?

- Шумо аз оилаи сарватманд, ман бошам...

- Чаро ин тавр мегӯед, охир ман шуморо дӯст медорам. Моҳигул, ман бе шумо зиндагӣ карда наметавонам, мефаҳмед...

-Шумо ин тавр гӯед ҳам, волидайнатон ин тавр фикр намекунанд.

- Волидайнам розӣ ҳастанд.

-Албатта бо маҷбуркуниҳои шумо будагист?! Гӯш кунед Аъзамҷон, шумо дар як корхонаи калон роҳбаред, ман бошам мардикордухтар. Ҳар кас бояддар зиндагӣ ҷуфти бахудаш муносибро бояд ёбад...

-Майлаш,ин хел бошад,пагоҳ ман ҳам ба мардикорбозор меравам. Маро дар қатори мардикорон дида,шояд он гоҳ розигӣ медиҳед...

-Девона шудед?!

- Ҳа девона шудаам! Шумо маро девона кардед, Моҳигул!

-Одамон ба мардикорбозор барои он мераванд, ки мӯҳтоҷанд, на барои он ки баъзе чизҳоро исбот намоянд.

-Хоҳед аз ҳама чиз даст мекашам, аз ҳамин мошин ҳам. Фақат шумо ба тӯй розӣ шавед шуд.

Аъзам Моҳигулро ба ҳолу ҷонаш намонд ва билохира духтарак розӣ буданашро баён кард.

Модари Аъзам дафъаи сеюми хостгорӣ рӯзи фотиҳаи онҳоро муайян карда рафт.

Моҳигул аз зиндагӣ мамнун буд, аммо дилаш аз чизе ғаш мекард...

хххххххх

Духтарак ҳамоно ба хизматгорӣ рафта меомад. Як рӯз соҳибхоназан Моҳигулро бо сабаби меҳмон доштанаш то дер дар манзилаш нигоҳдошта, нагузошт, ки ба хонаашон равад. Осмонро аллакай торикӣ фаро гирифта буд, вақте ки меҳмонҳои Назокат омаданд. Онҳо се нафар буданд.

Моҳигули чаққон то омадани меҳмонҳо аллакай дастурхони шоҳона ороста рӯйи хонро бо хӯрданиҳои залил ва хӯришҳои рангоранг пур карда буд. Вақте ки меҳмонҳо расида омаданд, Назокат фармон дод, ки шӯрборо кашида биёрад. Моҳигул косаҳои шӯрбои пургӯшт дар даст вориди меҳмонхона шуд ва дар байни меҳмонон модари Аъзамро дида, дасту пойҳояш ба ларза даромаданд. Вай худро бо яказоб ба даст гирифта, косаҳои шӯрборо рӯйи дастурхон гузошт ва аз Шаҳло хоҳиш кард, ки ба меҳмонон худаш хӯрокҳоро бубарад. Муяссарбону келиншавандаашро дар ин даргоҳ чун хизматгор дида, дарун ба дарун мисли ҳезуми тар месӯхт, вале сир бой надода, аз дугонааш Назокат кӣ будани Моҳигулро пурсуҷӯ намуд ва пайти муносиб ёфта, бо баҳонаи ба ҳоҷатхона рафтан назди Моҳигул омад. Вай бо нафрат аз банди дасти Моҳигул дошта бонг зад:

-Ҳоло ту чуни ҳунар ҳам дорӣ-а?! Сари писарамро тоб дода, ба сарваташ чашм ало кардӣ?!

Аз даҳони Муяссар бӯйи шароб меомад. Моҳигул бо оби дида ва изтироби дарунӣ гуфт:

- Ман чӣ айб дорам, охир худи писаратон...

хххххххх

- Ҳоло духтари ёфтаад ҳамин аст?

- Ҳа модарҷон, имрӯз магар бо дасти чап хестед?

- Дар назди дугонаҳоям маро шарманда кардӣ.

- Фаҳмотар гап занед, тинҷӣ аст?

- Арӯси фотиҳа кардаат хизматгорӣ Назокат будааст -ку!!!

- Ба вай ягон гапи сахт нагуфтед?

-Бобаш кардам. Аз дасташ гирифта ҳар чизе, ки ба даҳонам омад гуфтам.

Аъзам ин гапро шунида аз хона баромада рафт.

Ӯ барои аз Моҳигул узр пурсидан, дар кӯчаи онҳо роҳи духтаракро мепоид. Моҳигул баъди андак вақт аз хонаашон баромад.

-Салом! Моҳигул хуб ҳастед? Ман барои воқеаи дирӯза аз шумо узр пурсиданиям.

- Аъзам, илтимос дигар аз пеши ман набароед. Ман гуфта будам-ку аз ҷиҳати дороӣ ману шумо бо ҳам тамоман мувофиқ нестем. Шумо ба модаратон нагуфтед, ки ман дар мардикорбозор.....

- Моҳигул, биёед аз ҳамин шаҳр меравем. Дар дигар ҷо оила барпо мекунем.

-Чаро намефаҳмед. Ман муносиби Шумо нестам. Вақту соаташ расад, шумо ҳам кӣ буданамро ба ёдам оварда таъна мезанед.

-Ҳеҷ гоҳ!!!

-Аъзам, илтимос маро ором гузоред. Шумо ҷавони зебои хушқаду қомат ва сарватманд ҳастед, албатта ба зудӣ арӯси ба худатон пайдо намуда, хушбахт мешавед,-Моҳигул инро гуфта бо дидаи ашкбор Аъзамро тарк кард. Аъзам ҳарчанд кӯшиш кард, пеши роҳи ӯро гирифта натавонист...

ххххххххххх

Бегоҳӣ Аъзам сахт мастшуда омад. Ӯ ба пояш базӯр рост меистод. Муяссарбону ин ҳолро дидаба пурсуҷӯ даромад:

- Писарам ин қадар бисёр нӯшидӣ? Дар ягон тӯй будӣ?

- Дар ҷаноза будам, ҷаноза! Модар медонед шумо кӣ? Шумо қотили муҳаббатам, шумо қотили ишқам. Шумо, Шумо мурғи бахтамро куштед...

(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД