arzon replenishment
Зиндагии талхи мардикордухтар (Қисми 12)
19.02.2022
ОИЛА
3439
no-img

 

- Чӣ? Чӣ гуфтед?

- Бибиятон сиҳат шаванд, баъд ба хонаатон хостгор мефиристам.

Моҳигул аз гапи Аъзам дар ҳайрат афтод ва “ман меравам”- гӯён зуд аз назди ҷавон рафт. Аъзам аз қафои духтар “Ақалан пулро гиред”- гуфта монд, валеМоҳигул дигар ба қафо нигоҳ накарда рафт...

ххххххх

Аъзам ба беморхона рафта,назди духтури холаи Саломат даромад.

- Ассалому алайкум.

- Салом. Марҳамат шинед.

- Ман хеши холаи Саломат ҳастам.

-Фикр мекунам хеле ба инсофед,зеро то имрӯз ягон хешу табораш наомада буд.

- Холаи Саломат чӣ ҳол доранд?

- Аҳволашон вазнин аст...

Аъзам баъди аҳволпурсӣ аз киссааш камтар пул гирифта ба духтур дароз кард. Духтур аз баландҳимматии ҷавон мамнун гашт.

Вақти рафтан Аъзам таъкид кард, ки холаи Саломатро хуб нигоҳубин кунад, албатта вай онҳоро розӣ мекунад. Духтур хурсанд шуда,тодамидар ӯро гуселкард. Аъзам хушҳол буд, ки ба Моҳигул кӯмак карда тавонист...

хххххххх

Моҳигул боз ба мардикорбозор барои ёфтани кор баромад. Ӯ бо Барно сӯҳбат карда меистод, ки ҳамин вақт марди тахминан 50 -55 солае омада Моҳигулро ба як тараф ҷеғ зад. Барно ҳам аз қафои онҳо омад.

- Гӯш кунед хоҳарам, ман як боғи калоне дорам ва барои он ҷо коргар меҷӯям. Дар як моҳ 300000 сӯм маош медиҳам. Рози ҳастед барои бо ман рафтан?

Барно ба мард бо шубҳа нигариста гуфт:

-Мебахшед амак, ин духтар хоҳари ман аст ва бе ман ба ҳеҷ куҷо намеравад.

- Ман шуморо хуб дарк мекунам. Гӯш кунед, ман дар он ҷо танҳо нестам. Ҳамроҳи оилаам ҳастам... Духтарак шумо чандсолаед?

- Ҳаждаҳсола.

- Духтари ман ҳам ҳамсоли шумост..

Барно ба байни гапи мард лагад зада гуфт:

-Мо доим якҷоя кор мекунем ва хоҳарам ба ҳеҷ куҷо танҳо, бе ман намеравад.

Аммо Моҳигул, ба пул сахт мӯҳтоҷ буд ва ҳарчи бодо бод гӯён, розигӣ дода гуфт: .

- Амак, ман розӣ ҳастам, ки ба кор ҳамроҳатон равам. Фақат... Шумо метавонед 1000000 сӯм ба ман пешаки диҳед. Бениҳоят зарур буд.

- Аз рӯзи якум?! Хайр майлаш, имрӯз рафта бо корҳо шинос шавед, он тарафашро баъд маслиҳат мекунем.

- Хонаатон дур аст? - пурсид Барно.

-Не, дар ҳамин наздикии шаҳр.

Моҳигул ба гап ҳамроҳ шуда хоҳишкард:

-Мебахшед, фақат ҳамин рӯз апаам ҳамроҳам равад.

-Майлаш, равад, боке нест.

- Дар роҳ мард, ки Бурҳон ном доштааст, худро шинос карда, Шаҳло ном як духтар ва Назокат ном зани бадфел доштанашро ҳам гуфт. Моҳигул ҳам худро шиносонд. Ҳамин тавр аз ину он сӯҳбаткунон ба хонаи Бурҳонамак расиданд.

Мард Барно ва Моҳигулро назди Назокат овард. Занисоҳибхона бо онҳо хеле мағрурона пурсупос кард,баъд бо шавҳараш маслиҳат карда ба Моҳигул чӣ кор карданашро фаҳмонда дод.

-Моҳигул омад доштаед. Бинед дар чӣ қадар ҷойи хуб кор пайдо кардед.

- Ин ҳоло номаълум. Занро бинед чӣ хел мутакаббир аст.

- Ба ҳар ҳол Бурҳон-амак инсони хуб менамояд.

- Онҳо то нисфирӯзӣ кор карданд, пасон бо сардории Назокат хӯрок пухтанд. Ин дам Шаҳло, духтари Бурҳон-амак ҳам омада бо мардикорон пурсупос кард. Аммо писари хона, ки дар тан шими танг, куртаи васеъ ва дар гарданаш занҷири тилло дошт, ба мардикорон нигоҳи сахте карда,ҳатто салом надод.

Хӯрок ҳам омода шуд, Назокат ба хизматгорон дар ошхона хӯрок хӯрданашонро гуфт, аммо Бурҳон-амак онҳоро гирди хони худ нишонд. Вақти хӯрок хӯрдан Шаҳло мардикорзанҳоро суолборон мекард.

- Хеле вақт боз дар мардикорбозор кор мекунед?

- Бале.

-Мегӯянд, ки аксари одамон мардикоронро кор фармуда пулашонро намедиҳанд, ҳамин рост аст?

- Баъзан ҳамин тавр ҳам мешавад,-ҷавоб дод Барно.

Шаҳло ба Моҳигул нигариста пурсид:

- Шумо чандсолаед?

- Ҳаждаҳсола.

- Ҳамсоли ман будаед. Волидайнатон барои ба мардикорбозор рафтанатон зид нестанд?

Луқмаи газидани Моҳигул дар гулӯяш дар монд ва чизе гуфта натавонист...

(Давом дорад)

Абдуғаффор Шодиев

( Тарҷума аз ӯзбекӣ)

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД