Sebiston new 2024 october
ЗИНДАДАРГӮР
04.04.2021
ОТИФ
5018

 Маро аз деҳаи дурдасте баҳри нигоҳубини холаам, ки ҷарроҳии вазнинеро аз сар гузаронида буд, ба шаҳри Душанбе, аниқтараш ба беморхонаи Қарияи Боло оварданд. Вақте, ки вориди утоқ шудам холаам беҳуш рӯ ба шифт мехобид. Аз ҳаёт дар рӯи ӯ осоре намонда буд. 

Ҳамроҳ бо холаам, духтараки хеле зебое, ки чашмони пурхумор, вале то андозае фурӯрафта ва абрӯвони сиёҳи пайваст дошт, мехобид. Духтар то андозае зебо буд, ки ман гумон кардам, Худованд тамоми ҳуснро ба ӯ бахшидааст. Вале фаҳмидам, ки се моҳ қабл ин олиҳаи ҳусн ба садамаи нақлиётӣ дучор гардида, аз як пои равони худ маҳрум гашта аст. Зебо саргузашти талхи хешро чунин қисса намуд:

Мо дар оила чор нафар падару модар ва ману додарчаам зиндагӣ мекардем. Зиндагиамон хеле ширину гуворо буд. Падарам дар идораи бонуфузе кор мекарду аз чизе танқисӣ надоштем, вале… Ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуду тақдир ҳамаи зарбаҳоро ба оилаи мо раво дид. Як бегоҳ шахсони ношиносе вориди хонаи мо гаштанд. Ба падарам ким чиҳо гуфтанду ӯро бо худ гирифта бурданӣ шуданд. Падарам ба назди ман омада аз пешонаам бӯсиду сипас ба модарам бо овози ларзон ҳозир меоям» - гӯён аз хона ҳамроҳи меҳмонони нохонда баромада рафт. Агар ман медонистам, ки ин охирин меҳрубонии падари азизам аст, ҳеҷ гоҳ намегузоштам, ки ӯро аз мо ҷудо кунанд. Лек афсӯс…

Рӯзи сеюми ғайб задани падарам ногаҳ садои занги телефон баланд шуд. Модарам аз хурсандии он, ки шояд падарам бошад, рафта гӯширо бардошту гӯё дар ҷояш шах шуда монд. Пас аз лаҳзае гӯширо ба ҷояш гузошта бо чашмони пурашк рӯй сӯи амакам намуда гуфт: Ҳомидро гаравгон гирифтаанду аз мо 14 ҳазор доллар талаб доранд. Агар мо то пагоҳ ба онҳо аққалан 10- ҳазор доллар диҳем, фардо ӯро озод мекунанд. Дар замоне ки бесарусомонӣ ба авҷи аълояш расида, мардум ба бурдаи ноне чашми чор доранд, чӣ гуна мо ин қадар маблағро меёфтем?

Хешу табор, ошнову ноошноро зорӣ карда ҳамагӣ се ҳазор доллар қарз намуда, ба ҷои таъин намудаи онҳо бурда додем. Он шаб ба умеде ки падарам меояд, дарро боз гузоштем, лек афсӯс, ки субҳ ҷасади дар дамгаҳи дарвоза ба хоку хун оғуштаи падарам рӯзи равшанро пеши чашми мо тира гардонид. Падарамро бо нолаву зорӣ ба хок супурдем. Аммо ҷасади ба хоку хун оғуштаи ӯ то ҳанӯз аз ёдам намеравад. Пас аз маросими чили падарамро додан, модарам бистарӣ гардид. Акнун ӯро тағо ва амакҳоям аз беморхона ба беморхона мебурданд. Аҳволи модарам рӯз то рӯз бадтар мешуд. Рӯзе дар хона ҳамроҳи янгаам ва додарчаам менишастем. Ногоҳ тағоям омада: «Зебо, биё ба назди модарат меравем. Додарчаатро низ гир» - гӯён моро бо худ бурд. Дар беморхона маро ба назди модарам, ки бо азоб нафасҳои охиринашро мекашид, дароварданд. Модарам маро дидан замон об аз чашмонаш ҷорӣ шуда ману додарчаамро бӯсиду бо овози хеле хира ва гирифта гуфт: «Маро бубахшед азизонам, барои шумо на қарзи падариро иҷро карда тавонистам, на қарзи модариро».

Модари ғамкуштаам додарчаи 8 моҳа ва мани 10 соларо тарк гуфта, бо падарам, ки шаҳиди роҳи ҳақиқат шуда буд, якҷо гардид. Акнун дар зиндагӣ чизе бароям арзиш надошт. Маргро авлотар медонистам аз чунин зиндагӣ, вале хотири додарчаам маҷбур будам, ки зиндагӣ кунам. Рӯзи аввали хониш додарчаамро ҳамчун модар ба мактаб бурдам. Баъд аз чанд рӯз ӯ аз ман қотеъона талаб намуд, ки фардо ҳама бо падару модарашон ба мактаб мераванд. Агар ту рафта апаву очаамро набиёрӣ ман ба мактаб намеравам! Охир ҳама отаю оча доранд-ку! Чаро очаю отаам моро хабар намегиранд?

Аз дидангонам хуни дил, ашки талхам равона гаштанду руй ба ақиб гардонида, талх гиристам. Бо хаёле, ки ба суолҳои беҷавоби додарчаам, чӣ ҷавоб медиҳам, ба бозор расиданамро надониста мондам. Аз бозор нон харидаму дар роҳ боз ба хаёлҳои бесарунӯг ғӯтавар гардида, зери чархи мошин афтидам. Вакте ки ба худ омадам, худро дар хонаи деворҳояш сап-сафед, рӯйи кати оҳанин дидам. Ҳарчанд кӯшиш намудам, ки аз ҷой хезам, натавонистам, зеро аз пои равон маҳрум гашта будам. Зиндагӣ бароям маъние надорад, аниқтараш зиндагиро намехоҳам, чун зиндагӣ маро дар зиндагиям куштааст. Ман зинда дар гӯрам! Зебо ин суханонро мегуфту талх мегирист. Аз гиряи ӯ дили санг низ об мегашт. Лек, чора чист? «Шод бояд зистан, ношод бояд зистан»

Таҳмина ҲОҶИЕВА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД