Formula september
Зинапояе, ки ба осмон мебарад, дар хоб чӣ таъбир дорад?
1687

Ман хоби аҷибе дидам. Дар хобам бо як зинапояи сафед, ки аз сангҳои мармар сохта шуда буд, боло мерафтем. Ману як гурӯҳ дӯстонам гӯё мусобиқа мекарда бошем, кӯшиш мекардем, ки аз ҳамдигар болотар гузарем. Ман аз ҳама боло будам ва дигарон аз пасам мебаромаданд, вале зинапоя ба охир расид. Ман каме тарсидам ва ба гирду атрофам назар карда, зинапояи дигарро дидам. Ана зинапоя дар он ҷо будааст-ку гӯён, ба он тараф равон шудам ва бо зинаи дуюм боло баромадан гирифтам. Хулоса, ман чунон боло баромадам, ки атрофам сап- сафед ва пур аз нӯр шуда монд. Акнун гӯё дар болои абрҳо қадам мезадам. Аз дидани ин манзараи дилфиреб бисёр хурсанд шудам, вале ҳарчанд ҳамроҳонамро садо кардам, касеро дар гирду атрофи худ надидам. Фақат ман монда будаму он олами сап-сафед ва дилфиреби пурнур. Мехоҳам таъбири хоби аҷиби дидаамро бидонам.

Азиз, сокини ш. Душанбе

Бародари азиз! Аслан осмон рамзи арши Худованд буда, хоб диданаш бисёр фоли нек аст. Тавре ки дар хобномаҳои исломӣ омадааст, агар кас хоб бинад, ки ба осмон баромадааст ва ҳиссиёти аҷибе ӯро фаро гирифта бошад, роҳи ҳақро дарёфта, ба худованд наздиктар мешавад. Чунон хоб метавонад нишонаи дӯстӣ ва ҳамнишин гаштан бо уламои дин ва ба василаи онҳо беҳтар шинохтани Аллоҳи меҳрубон бошад.

Шумо навиштаед, ки дар хобатон аз ҳама болотар баромада будед ва дигар рафиқонатон аз думболи шумо мебаромаданд. Ин бисёр хуб аст, шояд як гурӯҳ одамонро ба роҳи ҳақ ҳидоят намуда, савоби зиёде ба даст меоред ва ба Парвардигори олам рӯҳан наздиктар мешавед.

Ба таъбири дигар бо зинапоя ба осмон баромадан дар хоб рамзи ба даст овардани қудрат будааст. Шахсе, ки чунин хоб мебинад, соҳиби ягон мансаб ё вазифаи баланд гашта метавонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД