Овозхони шинохтаи тоҷик Зиёвиддини Нурзод нишони сарисинагии “Аълочии телевизион ва радио”-ро ба даст овард. Шаҳодатномаи унвони мазкур санаи 7-уми июл дар толори Хонаи радио аз ҷониби Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба овозхон ва чанд тан рӯзноманигори дигар супорида шуд.
“Тибқи нақша ин унвонро бояд ба ман пештар медоданд, вале коронавирус нақшаҳоро ба ҳам зад. Ба хотири саломатии мардум ин кор то ин дам ба таъхир афтод. Ниҳоят 7-уми июл дар толори Хонаи радио Нуриддин Саид бо иштироки хеле ками кормандон нишони “Аълочии телевизион ва радио”-ро ба ман супориданд”,-гуфт, Зиёвиддини Нурзод дар суҳбат бо хабарнигори сомонаи “Оила”. Овозхон афзуд, ки унвони “Аълочии фарҳанг” (2009)-ро низ соҳиб аст ва барои шомил шудан ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон талош дорад.
Бояд қайд кард, ки фаъолияти хубу назарраси кормандони Кумитаро ба назар гирифта шуда, дар охир онҳо бо унвон “Аълочии телевизион ва радио” қадрдонӣ мешаванд. Зиёвиддини Нурзод айни замон дар Идораи барномаҳои ҷавонии Радиои “Тоҷикистон”-и Кумитаи телевизион ва радио фаъолият дорад ва дар баробари овозхони шинохта буданаш, рӯзноманигори соҳибқалам ва ровии хушгуфтор низ мебошад. То кунун чанд китоби таронаҳояш чоп шуда, пешниҳоди дӯстдорони шеъру тарона гардидааст.