Commerc banl
Зиёда аз 200 нафар тоҷикони дар Эрон қарордошта мехоҳанд ба Ватан баргарданд
02.03.2026
Oila.tj
126

Пас аз оғози ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Эрон, беш аз 200 шаҳрванди Тоҷикистон барои бозгашт ба Ватан ба Cафорати Тоҷикистон дар Эрон муроҷиат кардаанд.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ имрӯз, 2-юми март гуфтааст, ки қисме аз шаҳрвандони кишвар бо мақсади тиҷорат, саёҳат ва табобат дар Эрон қарор доштанд ва баъди баста шудани фазои ҳавоӣ мехоҳанд ба ватан баргарданд.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз вазифаҳои асосии сафорат дар чунин шароит расидагӣ ба муроҷиатҳои шаҳрвандон ва мусоидат барои гузаштан аз марз мебошад. Сафорат рӯйхати муроҷиаткунандагонро омода карда, бо сафоратҳои Туркманистон ва Озарбойҷон дар Эрон ҳамоҳангӣ анҷом додааст.

То кунун 15 шаҳрванди Тоҷикистон аз тариқи гузаргоҳи марзии Эрону Озарбойҷон ба шаҳри Боку рафтаанд. Ҳамзамон, интизор меравад тақрибан 50 нафар аз гузаргоҳи “Сарахс” дар марзи Эрону Туркманистон убур кунанд.

Ба иттилои сафир, дар маҷмуъ ҳудуди 300 шаҳрванди Тоҷикистон ҳоло дар Эрон қарор доранд. Дар миёни онҳо занони тоҷик низ ҳастанд, ки бо шаҳрвандони эронӣ издивоҷ карда, шаҳрвандии Тоҷикистонро нигоҳ доштаанд.

Низомиддин Зоҳидӣ таъкид кардааст, ки то ҳол ягон шаҳрванди Тоҷикистон дар пайи ҳодисаҳои ахир осеб надидааст. Вазъи саломатии бемороне, ки дар Эрон қарор доранд, муътадил арзёбӣ мешавад ва барои бозгашти онҳо низ тадбирҳо андешида мешавад.

Сафорати Тоҷикистон дар Эрон гуфтааст, ки талош дорад дар фурсатҳои наздик бозгашти ҳамаи муроҷиаткунандагонро таъмин намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД