Соли 2025 дар фаъолияти 1288 ширкатҳои сохтмонӣ 7331 ҳолатҳои қонуншиканӣ ошкор карда шуда, аз ширкатҳои мазкур ба маблағи 547350 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.
Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Низом Мирзозода хабар дод.
Мавсуф қайд кард, ки соли гузашта 72 ширкати сохтмонӣ бидуни хулосаи экспертизаи давлатӣ ба сохтмони иншоот шуруъ кардаанд.