Соати 11-и имрӯз ҳайати дувоздаҳнафараи Иттифоқи журналистони Ўзбекистон ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд омаданд. Меҳмонии журналитстони ҳамсоякишвар аз 12 то 16 октябр пешбинӣ шудааст. Нахустмулоқоти рӯзноманигорони ӯзбек бо ҳамтоёни тоҷикашон дар Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд сурат гирифт.
Дар вохӯрӣ Раиси Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон Олимҷон Усаров аз истиқобли гарм ва муҳаббату самимияти ҳамкасбони тоҷикаш миннатдорӣ баён кард. Усаров афзуд, ки баъди гарм шудани муносибатҳои беш аз 20 сол сардгаштаи ду кишвари дӯсту бародар рўзи 7-майи соли 2022 дар шаҳри Тошкент Меморандуми ҳамкорӣ миёни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Ўзбекистон ба имзо расонида шуд. Дар асоси ин созишнома ҳар сол як маротиба ҳайатҳои эҷодӣ бояд ба кишварҳои ҳамдигар сафар намоянд.
“Роҳе, ки 20 сол наметавонистем гузарем, имрӯз дар 20 дақиқа гузаштем, ки албатта ин ҳама аз иқдомҳои наҷибу созандаи сарони ду кишвар вобастагии зич дорад. Дар Ӯзбекистон беш аз 1 миллиону 700 ҳазор тоҷик зиндагӣ мекунанд. Дар ВАО-и кишвари мо низ сомонаву расонаҳои гуногуни тоҷикӣ нашр мешаванд, ки ин гуна барномаҳо барои боз ҳам гармтар кардани муносибати ду кишвар саҳмгузорӣ мекунад. Рӯзномаи овозадори “Овози тоҷик” ҳафтае ду маротиба чоп мешаванд ва ҳайати он аз 23 нафар иборатанд, ки пурра тоҷикзабонанд. Албатта мо аз ин шодем. Дар шабакаҳои телевизионӣ низ барномамаҳои тоҷикӣ дорем, аз ҷумла барномаи “Рангинкамон”. Кушиш мекунем барномҳои тоҷикиро зиёдтар ва табодули назарро бо журналистони Тоҷикистон бештар кунем. Аз ин лиҳоз ҳама ҳамкасбони тоҷики худро моҳи ноябр дар Ӯзбекистон интизор мешавем”-афзуд Усаров.
Исмоилзода: Мақсади вохӯрӣ табодули назарҳост!
Раиси иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода журналистони кишвари ҳамсояро бо ироаи шоҳбайти “Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон, бартар аз дидори рӯи дӯстон” хуш омадед гуфта, изҳори шодмонӣ намуд, ки рӯз то рӯз дӯстию ҳамкорӣ байни ду кишвар меафзояд.
Исмоилзода бо барномаи сафар меҳмононро шинос карда гуфт, имрӯз, яъне 12-уми октябр аз Кохи матбуот ва идораи телевизиион ва радиои вилояти Суғд боздид намуда, бо ҳампешагони худ мулоқот мекунанд.
Журналистони узбек ҳамчунин ба минтақаи озоди иқтисодии Суғд рафта, бо корхонаҳои нави саноатӣ ошно мегарданд ва ба шаҳри Гулистон сафар карда, бо навгониҳои шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” шинос хоҳанд шуд. Дар рӯзҳои баъдӣ то анҷоми сафар журналистони кишвари ҳамсоя аз шаҳрҳои Душанбеву Турсунзода, Нораку Данғара ва Панҷакент дидан мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки сафари ҳайати Иттифоқи журналистони Ўзбекистон, ки то 16 октябр идома меёбад, бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, МИҲД- вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳрҳои Душанбеву Турсунзода амалӣ мешавад.
Фарзона Муродӣ