arzon replenishment
ZET-MOBILE MUSIC FEST: ХОТИРМОНТАРИН ФЕСТИВАЛИ МУСИҚӢ ЧӢ ГУНА ГУЗАШТ?
01.08.2023
Промо
1295

ZET-MOBILE, оператори мобилии дастраси кишвар, дар якҷоягӣ бо шарикон ҷашнвораи панҷуми фестивали мусиқии ZET-MOBILE MUSIC FEST-ро роҳандозӣ намуд, ки рӯйдоди хотирмонтарини тобистони имсола гардид. Чорабинӣ тақрибан 1500 меҳмононро, ки мехостанд ба олами мусиқии муосир ворид шаванд, ҷамъ овард.

Дар рӯи саҳна ҳунармандони ҷавону шинохта аз қабили Basster, Shoh, AD.AKA Dilovar, Dj Rvxin & HAKO.M бо суруду оҳангҳои дилнишини худ чунон қалби дӯстдорони мусиқиро ба ваҷд оварданд, ки ҳама ба майдони рақс баромаданд.

Дар фестивали мазкур ҳунармандони шинохтатарине, ки дар YouTube миллионҳо тамошобин доранд, ҳунарнамоӣ карданд.

Ташкилкунандагон ҳатто барои шод сохтани хотири меҳмонони хурдтаракашон шоу-барномаи бачагонаи маркази фароғатии бачагонаи "Космо Ленд"-ро пешниҳод намуданд.

Салютҳои ба таври касбӣ омодагардида ба меҳмонон ва иштирокчиёни ZET-MOBILE MUSIC FEST хурсандии хоса бахшиданд. Меҳмонон, на танҳо истироҳат карданд, балки мукофотҳои қиматбаҳо низ гирифтанд.

Бояд гуфт, ки ZET-MOBILE лоиҳаҳои фарҳангӣ ва ҷавонони кишварро дастгирӣ мекунад. Ин як қисми стратегияи корпоративии ширкат ба шумор меравад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД