Ширкати ZET-MOBILE, ки ҳамеша дар пешниҳоди хизматрасониҳои баландсифат дар сафи пеш қарор дорад, аз оғози як лоиҳаи бузург оид ба навсозии техникии шабака дар саросари кишвар хабар дод. Технологияҳои нав ҷанбаҳои асосии ин ташаббус гардиданд.
Тибқи нақшаи марҳилаи дуюми навсозӣ, оператор аллакай ба тамоми минтақаҳои кишвар пойгоҳҳои нави базавии 4G-ро равона кардааст. Ҳоло ба ҷараёни монтаж зиёда аз 50 нафар мутахассисони баландихтисос ҷалб карда шудаанд, ки 7 рӯз пай дар пай меҳнат карда, сифати алоқаро барои муштариёни худ тезонида истодаанд.
Дар соли 2023 ZET-MOBILE раванди мураккаби ивазкунии биллингро ба анҷом расонд, ки бо шарофати он тарофаҳо ва хизматрасониҳои нави муфид ҷорӣ ва роҳандозӣ карда шуданд.
Дар нимсолаи аввали соли 2023 ширкати ZET-MOBILE марҳилаи якуми азнавсозии техникиро дар Душанбе ба анҷом расонид. Дар пойтахт шумораи умумии истгоҳҳои LTE 40% афзоиш ёфт, ширкат инчунин минтақаи фарогирии “4G+”-ро васеъ кард.
Бояд қайд намуд, ки ZET-MOBILE навсозии техникиро 4 сол пеш оғоз карда буд. Аз рӯзҳои аввали таъсиси худ ба шарофати ҷалби сармояи хориҷӣ 51 пойгоҳи нави 3G ба истифода дода шуд, инчунин дар саросари ҷумҳурӣ 643 адад пойгоҳҳои 3G васеъ гардид. Шумораи пойгоҳҳои нави LTE дар давоми мавҷудияти ZET-MOBILE ба 650 адад расид.
Дастаи баландихтисоси мутахассисон вазифадор карда шуданд, ки лоиҳаи ифтитоҳи шабакаи маҷозии виртуалӣ барои интиқоли маълумот (vECO) бо қобилияти хизматрасонии 5G роҳандозӣ гардад. Оператор аввалин шуда, 5G-ии мукаммалро ба амалиёти тиҷоратӣ ҷорӣ кард.
Бо мақсади барои муштариён пешниҳод намудани як қатор хизматрасониҳои муфид аз ҷониби ширкат платформаи «PCRF – Policy and Charging Rules Function» барои якҷо намудани профилҳои муштариён, PS CORE - як гузариши беназири итиллоот барои 2G, 3G, 4G, 5G, платформаи нави DPI барои омода намудани тарофаҳо ва хизматрасониҳои беназир, инчунин марказҳои нави SMS ва USSD насб ва ба кор андохта шуд.
Қобили зикр аст, ки ин танҳо қадамҳои нахустин буда, то охири соли 2023 ZET-MOBILE лоиҳаҳои зиёде барои беҳтар кардани сифати шабака амалӣ хоҳад кард.