Маҳсулоти лозима:
4 стакан шакар, 2 қошуқ желатин (20 г), 1 қошуқча ҷавҳари лимӯ, 0,5 қошуқча сода.
Тарзи таҳия:
Пешакӣ желатинро тар кунед (2 қошуқ желатин дар 100 г. об). Ба зарф шакару об андохта, дар оташи миёна 3 дақиқа ҷӯшонед ва ба он желатини таркардаро андохта, то пурра ҳал шудани желатин кофта истед. Баъди каме хунук шуданаш, онро бо миксер муддати 5 дақиқа лат занед.
Панҷ дақиқа истода, баъдан боз панҷ дақиқаи дигар лат занед. Ба он ҷавҳари лимӯ ва содаро илова карда, бо чангак 10 дақиқа лат занед, баъди 20 дақиқа зефирро дар лаълиҳои тар тунук карда, то сахт шуданаш нигоҳ доред.