Зебунисо Қутбиддинова, ҳамсари шоири маъруфи тоҷик Лоиқ Шералӣ шаби гузашта дар сини 77 - солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.
Писари Лоиқ дар сомонаҳои иҷтимоӣ ин хабарро тасдиқ кард. Ба гуфтаи ӯ модараш чанд вақти охир аз бемории фишорбаландӣ азоб мекашид. Ромиш Шералӣ гуфт, модараш ҳатто як бор инсултро низ паси сар карда, шифо ёфт. “Аммо ин хурсандии мо дер давом накард. Тақрибан 15 рӯзи пеш фишорашон баланд рафт ва он касро ба Шифохонаи Ибни Синои шаҳри Душанбе овардем. Ин субҳ даргузаштанд”, - гуфт Ромиш.
Комрон Ҳамроев, домоди хонадон гуфт, ки тибқи васияти худи Зебунисо, ӯро барои хоксупорӣ ба зодгоҳаш – шаҳри Панҷакент мебаранд. Ҷанозаи ӯ имрӯз дар қабристони Сарманзили шаҳри Панҷакент пас аз намози пешин баргузор мешавад.
Зебуннисо Қутбиддинова соли 1946 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омада, соли 1966 пас аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дохил шуд. Соли 1967 риштаи умри худро бо Лоиқ Шералӣ пайваст.
Зебунисо ва Лоиқ аз издивоҷи 35 - сола 5 фарзанд ва 14 набераву як абера доранд. Ҳеҷ яки онҳо пайрави ин устоди сухан нашуд. Аммо ҳар яке аз устод хотираҳои ширине дорад.
Зебунисо Қутбиддинова - ҳамсари Лоиқ Шералӣ
Зебуисо ва Лоиқ хеш буданд. Худи муаалима инро дар як мусоҳибаашон зикр кардаанд. “Ман ҳеҷ тасаввур намекардам, ки ба писари аммаам шавҳар мекунам. Лоиқро аз хурдӣ чун бародарам дӯст медоштам. Лоиқро дар оилаамон ҳама дӯст медошт, он вақт шоир донишҷӯи донишгоҳи омӯзгорӣ буданду касе фикр ҳам намекард, ки чунин шахси машҳур мешаванд. Хулоса, хушдоманам ба хостгорӣ меоянд, модарам зуд дуто нонро мегиранду мешикананду мегӯянд, ки духтарамро ба ҳамин додам. Ҳамин тавр, ману Лоиқ оиладор мешавем. Худоро шукр, ки зиндагии бисёр хубе ҳам доштем, худро хушбахт меҳисобам”.
Марҳум то охири умр дар мактаби рақами 54 – и ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Душанбе омӯзгор буд. Ҳамзамон осорхонаи Лоиқ Шералӣ дар ин мактаб бунёд шуд, ки масъулияташро ӯ бар дӯш дошт.