Ин навбат мо бо шахси соҳибистеъдоде ҳамсуҳбат шудем, ки ба қавли бархеҳо “супер продюсер” аст. Ҳамсуҳбати мо Зайн Шамсиддин мебошад, ки ба маънои том эҷодкор аст.
Ӯ шеър менависад, овозхонӣ мекунад, оҳанг эҷод менамояд ва продюсери номдор низ ҳаст. Дар ҷодаи продюсериаш аз ҳама кори маъмулу машҳуршудааш ин сарояндаи ҷавон Ёсамин Давлатоваро ба мардум шинос карданаш буда, кӯшидааст, ки ба услуби нав дар шоу-бизнеси тоҷик майдондорӣ кунад.
Мо имкон пайдо кардем бо Зайн Шамсиддин дар бобати корҳои эҷодӣ, ҳамкорӣ бо овозхонҳо, сарусадоҳои беасос, мушкилоту норасоиҳои аҳли санъат дар кишвар ва нақшаҳои ояндааш суҳбате анҷом диҳем.
Шумо дар саҳифаи инстаграматон худро ҳамчун овозхон, продюсер ва оҳангсоз муаррифӣ кардаед. Бигӯед, ки аз рӯи ихтисос кӣ ҳастед?
- Ман Донишоҳи технологии Тоҷикистонро бо ихтисоси бонкдорӣ ва бо дипломи аъло хатм кардаам. Рӯ ба санъат овардану нуктаҳои гуногуни ин дунёи зебо ва ҳамзамон беинтиҳоро омӯхтану таҷриба карданам шуғл аст. Шуғли дӯстдоштаам, ки ҳамакнун бо шарофати он зиндагиро пеш мебарам, ба дигарон кумак мекунам, худро сайқал медиҳам.
- Дар соҳаи эҷод диплом надоред?
- Албатта, пайваста худамро такмил медиҳам, вале барои маълумоти олӣ гирифтан дар соҳаи санъат расман ҷое таҳсил накардаам.
- Овозхониро аз кай оғоз кардед?
- Аз соли 2017 инҷониб овозхонӣ мекунам. Бояд бигӯям, ки овозхонӣ як орзу буд ва чун аз таҳти дил кӯшиш кардам, ба мақсад расидам.
- Сурудҳои зиёд доред, дар миёнашон “хит”-ҳо ҳам буданд?
- Бале, чанд суруд нашр кардем. Вале барои “хит” шудани онҳо албатта вақт лозим аст, зеро мо кӯшиш мекунем, ки бо услубҳои гуногун таронаҳоямонро пешниҳод кунем, то ки завқи мардумро хубтару беҳтар фаҳмем. Ҳамон вақте ки мувофиқи шавқу завқи мардум сурудҳоро эҷод кардем, ҳатман “хит” мешаванд.
- Чаро солҳои охир монанди солҳои 2019-2020 бисёр суруд намехонед?
- Сабаб он аст, ки дар дигар самтҳо - оҳангсозиву танзими мусиқӣ то андозае муваффақ гаштам ва ҳоло зиёдтар бо ин корҳо машғулам. Яъне, танҳо барои худам нею барои чанд сароянда суруд омода мекунам.
- Чӣ гуна оҳангсоз шудед?
- Тавре маълум аст, барои овозхон шудан маблағ даркор аст. Барои таҳияи оҳангу танзиму шеър пул сарф мешавад. Ман аз аввал ба фикре будам, ки бояд худам ин корҳоро омӯзам ва оҳиста – оҳиста омӯхтам. Барои он ки хароҷоти зиёдатӣ надошта бошам, оҳангсоз шудам ва ҳоло ба ин кор ҷиддӣ машғул ҳастам.
- Дар кишвари мо продюсер будан чӣ мушкилӣ дорад?
- Ҳама соҳа мушкилӣ дорад, аз ҷумла кори продюсерӣ, ки масъулияти корномаи як нафар ё чанд нафарро ба уҳда мегирӣ. Ҳар нафаре, ки ба продюсер муроҷиат мекунад, албатта аз ӯ корҳоеро талаб менамояд, ки корномаашро боло барорад ва муваффақ гардад. Пас, ин кор хеле душвор аст ва мушкилоти зиёд дорам, аммо набояд фаромӯш кард, ки муҳаббат ба кор ва муносибату муоширати хуби ҳамкорон ҳама мушкилотро як тараф карда, талқин мекунад, ки корро дар сатҳи хуб иҷро намоӣ.
- Кори продюсерӣ ба қавле кор барои як нафари дигар аст. Кӣ метавонад продюсер шавад?
- Дар аввал бояд гуфт, ки продюсер аз продюсери мусиқӣ ба куллӣ фарқ дорад. Продюсер нафарест, ки корҳои як нафари дигарро пеш мебарад ва аз даромад фоида ба даст меорад. Продюсери мусиқӣ бошад, касест, ки суруд эҷод мекунад, дар танзими онҳо саҳм мегирад ва умуман дар фаъолияти мусиқии ҳунарманд пурра масъул аст. Ман продюсери мусиқӣ ҳастам ва чун ба касе ҳасад надорам, корамро дӯст медораму барои муваффақ шудани чандин нафар саҳм мегузорам.
- Шумо дар шоу-бизнеси тоҷик ҳамчун продюсер яку якбора пайдо шудед, чӣ сабаб шуд, ки дар муддати кӯтоҳ машҳур гардед?
- Бисёр ҳавас доштам ва вақте ки пурра ба кори продюсери мусиқӣ гузаштам, зиёд омӯхтам ва бо маҳсули эҷоди хориҷиён зиёдтар шинос шудам. Вариантҳои гуногуни таҳияи сурудҳоро дарёфтам. Чун одам хоҳишу меҳнат дошта бошад, ҳатман ба ӯ Худованд чизи мехостаашро ато мекунад.
- То ҷое медонем, шумо бо овохонҳои зиёд ҳамкорӣ доред, аммо мардум маҳз ҳамчун продюсери Ёсамин Давлатова шуморо шинохтанд. Ба ин фикр розиед?
Соли 2018 барои Фарзонаи Файз суруди “Бачаи ғармӣ”-ро омода карда будем, ки “хит” шуда буд. Аз миён 1-2 сол гузашт ва бо Ёсамин Давлатова шинос шуда, ҳамкориро оғоз кардем. Дар дунё одамоне ҳастанд, ки метавонанд якдигарро фаҳманд ва барои муваффақ шудан ба ҳам кумак кунанд. Ман ба фикре ҳастам, ки ману Ёсамин Давлатова чунинем ва дар муддати кӯтоҳ ҳамдигарро фаҳмида, корҳои хубу чашмрас таҳия кардем. Ман ба фикри боло розиам, зеро дар ҳақиқат мо барои Ёсамин Давлатова сурудҳое кардем, ки хеле машҳур шуданд.
- Гап – гап ҳаст, ки 30-40 фоизи даромади Ёсамин Давлатоваро мегиред, оё ин дуруст аст?
- Не, дуруст нест. Аслан, ману Ёсамин танҳо дар таҳияи сурудҳо ҳамкорӣ мекунем. Бигӯем, ки ман продюсери шахсии ӯ ҳастаму ҳама вақтам бо ӯ мегузарад, хато мешавад. Балки продюсери мусиқӣ ҳастаму ҳар овозхоне, ки муроҷиат кард, ҳамкорӣ мекунем. То ҳол расман продюсери шахсии касе нестам. Ман ба даромади Ёсамин кор надорам, балки барои сохтани сурудҳояш ҳар хоҳише кардааст, иҷро намудаам.
- Дар баъзе доираҳо шуморо “супер продюсер” мегӯянд, зеро дар ҳақиқат тавонистед дар муддати кӯтоҳ Ёсамин Давлатоваро миёни мардум ҳамчун овозхон шиносонед. Ба ин чӣ гуна ноил гаштед?
- Заҳмат, заҳмат ва боз ҳам заҳмат. Ёсамин Давлатова овозхони соҳибистеъдод аст. Бо услубҳои гуногун мехонад ва метавонад. Суруде, ки ӯро машҳур кард ва то андозае маро шиносонид, “Кабӯтар” буд. Як шом сайри шомгоҳӣ доштам ва дар “лента”-и Инстаграм бозхонии ҳамон суруд аз ҷониби як сарояндаи ӯзбек баромад. Ба Ёсамин равон кардам ва гуфтам, ки агар инро бо тағйирот таҳия кунем, “хит” мешавад. Матнро ман каме иваз кардам ва танзими мусиқӣ карда, пешниҳод намудем.
- Матнро иваз кардед?
- Бале, медонам ҳайрон шудед ва ҳамин саволро чанд нафари дигар ҳам ба мо дод. Вале ман ба сурудҳои такрорӣ ё ба қавле кӯҳна кӯшиш мекунам, ки тағйирот ворид кунем ва мисли нусхабардорӣ нашавад.
-Дар эҷодиёти Ёсамин Давлатова сурудҳои муаллифӣ ҳам ҳастанд. Бигӯед, ки як суруди кӯҳаро бозхонӣ кардан осон аст ё суруди нав таҳия намудан?
- Ҳамааш меҳнат мехоҳад.
- Шумо бо Ёсамин Давлатова суруди дуовозӣ бо номи “Kujoi Tu”, ки бо оҳанги Saad Lamjarred аст, сароидед. Бигӯед, ки он чӣ гуна тавлид шуд?
- Бисёр сода тавлид шуд. Рӯзе Ёсамин пешниҳод кард, ки ҳамин сурудро якҷоя хонем ва мо ин корро кардем. Тавре ки мебинед, хуб қабул шуд ва то ҳол зиёда аз дуюмин миллион маротиба бозбинӣ шудааст.
- Дар намоҳанги суруди мазкур шумо нестед, чаро?
- Хеле шуд, ки дар намоҳангҳо иштирок накардаам ва ба хулосае омадем, ки аз хизмати модел истифода кунем.
- Соҳаи эҷод дар кишвари мо чӣ мушкилӣ дорад?
- Мушкили калон нест. Овозхонҳо талаботи мардумро дида, сурудҳояшонро пешниҳод мекунанд.
-Барои маъруфу машҳур шудани як нафар чӣ лозим аст: овоз, матни хуб ё продюсери хуб?
- Дар кишвари мо бо ду роҳ мешавад. Якум, истеъдод. Дуюм, пул. Масалан, Ёсамин истеъдоди худодод дорад ва хеле муваффақ шуд. Боз ҳастанд нафароне, ки сарпараст доранд ва то андозае муваффақ шудаанд, вале албатта дар хотир бояд дошт, ки ҷойи истеъдодро пул гирифта наметавонад.
- Чӣ нақшаҳои эҷодӣ доред?
- Ният дорам дар соли 2024 шохаҳои эҷодиамро васеътар кунам. Ҳамкориҳоро бо овозхонҳои хориҷӣ ба роҳ монам ва то қадри имкон ба ҳунармандон кумак намоям.
- Ташаккур барои суҳбат.
- Саломат бошед.
Мусоҳиб
Сино ТОҲИРӢ