Донишҷӯёни хориҷӣ, махсусан ҳиндуҳо бо забони англисӣ таҳсил мекунанд ва барои ҷалби онҳо бо ширкатҳои ватанӣ дар он кишвар ҳамкории зич дорем.
Лозим ба ёдоварист, ки қабули донишҷӯёни хориҷӣ бо таври шифоҳӣ, яъне бидуни Маркази тестӣ қабул карда мешавад.
Ин нуқтаро Миҷгони Сорбон, муовини ректори Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ қайд карданд.
Дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ 940 нафар таҳсил мекунад, ки аз он 355 нафарашро духтарон ташкил медиҳад. Ҳамзамон, аз ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҳиндустон таҳсил мекунад. Имсол дар донишкадаи 4562 нафар ҳуҷҷат супоридаанд, ки аз он 985 нафараш соҳиби номи донишҷӯ шуданд.
Зарина Ибодзода, Ректори Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ дар нишасти хабарии имрӯза қайд кард, ки донишҷӯёни мо дар панҷ факулта, аз рӯи панҷ ихтисос психологияи тиббӣ, кори иҷтимоӣ, кори табобатӣ, фарматсевтӣ стоматология таҳсил мекунанд. Барои ба донишҷӯён имконияти бештар дар самтӣ таҷрибаомӯзӣ фароҳам овардан, дар назди донишкада, Маркази клиникӣ, илмӣ-таълимӣ таъсис дода шудааст, ки рӯзҳои наздик ба фаъолият оғоз мекунад. Клиника аз 6 ошёна ва 6 шӯъба иборат мебошад.
Дар баробари ин, донишкада бо 27 муассисаҳои тиббӣ- профилактикии шаҳри Душанбе шартномаи ҳамкорӣ дорад.
Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, нахустин муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ буда, фаъолияташро дар асоси санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ фаъолият мекунанд.