Нарзулло Раҳимов аз заргарони маъруфи Истаравшан аст. Ў соли 1910 дар оилаи заргарон, ки дар гузари заргарони Истаравшан зиндагӣ мекарданд, таваллуд шуда, ба камол расидааст. Мавсуф аз нуқраву мис, муҳраву марворид ва шаддаву марҷон маснуоти гуногуни заргарӣ тайёр мекард, ки дар минтақа шуҳрати зиёд дошт. Имрўз ин марди ҳунар дар байнамон нест. Аммо ҳунари нотакрораш ўро миёни мо ҳанўз зинда медорад.
"Заргар, қадоқчӣ, мисгар буданд"
Нарзулло Раҳимов, ки дар оилаи заргарон ба камол расидааст, аз хурдӣ аз падару бобояш заргариро меомўзад. Ў аввал дар хона ва сипас дар бозори шаҳри Истаравшан дўкон гирифта, ба сохтани маснуоти гуногуни заргарӣ машғул мешавад. Ҷавоҳироти зебову пурнақши Нарзуллобобо дар муддати кўтоҳ миёни харидорон шуҳрат меёбад.
"Бобоям бисёр ҷавоҳироти зебо месохатанд. Онҳоро бо нақшҳои қадимаву миллӣ оро медоданд. Корашон бисёр нозуку борикбинона буд. Ҳар як ангуштарӣ ё гўшвору дастпонаро бо сабку услуби хос месохтанд. Баъзе навъи ҷавоҳирот бенақш бошад ҳам, дар шакли зебову диққатҷалбкунанда сохта мешуд. Он кас заргар ва қадоқчиву мисгар низ буданд",- гуфт набераи ҳунарманд Асадулло Нарзуллоев.
Нарзуллобобо дар баробари сохтани маснуоти заргарӣ карнайҳои гуногун низ тайёр мекард. Баъзан вақт санъаткорон барои таъмири карнай ба ў муроҷиат мекарданд.
"Гоҳ-гоҳ карнай ҳам месохтанд. Ё карнай таъмир мекарданд. Ғайр аз ин, мардум зарфҳои сўроху таъмирталабашонро барои қадоқкунӣ (бо бандакҳои майдаи оҳанӣ пайваст ё маҳкам кардани сӯрохии зарф) меовараданд. Бобоям бо ҳунари шокирӣ низ машғул буданд. Шокирӣ як навъи марҷонест, ки аз тунука сохта мешавад. Тунукаро майда қайчӣ карда, дар қолиби махсус мезананд. Сипас ба ҳам пайваст карда, дар ришта ё сим мегузаронанд. Шокириро мардум барои ороиши хонае, ки базм барпо мешуд, истифода мебурданд. Имрўзҳо ин ҳунар ҳам, ин анъана ҳам аз байн рафтааст",- иброз дошт Асадулло.
Маснуоти заргарӣ аз чойникҳои корношоям
Нарзулло Раҳимов пайваста кўшиш мекард аз чизҳои нолозим барои мардум зебоӣ офарад. Ё зарфҳои таъмирталабро таъмир карда, коршоям созад. Аз ин лиҳоз, баъзе чойник ва дигар зарфҳои алюминиро об карда, ҷавоҳироти гуногун месохт.
"Хурд будам, ки баъзе чойникҳои алюминиро об мекарданд. Аз он ҳам ҷавоҳирот месохтанд, ки назар ба ҷавоҳироти мисгарӣ арзонтар буд. Онро тавре суфтаву сайқал медоданд, ки дарҳол сиёҳ намешуд. Тоза кунед, боз ҷило медод. Аз пораҳои ҳамон мо ҳам ангуштаринча сохта, ҳунар меомўхтем. Равоншод хоҳарам Фирўза Шодиева қариб ҳамаи ҳунари бобоямро омўхта буд. Аз даҳ набера мо ду нафар бештар ҳамроҳи бобоям бо ҳунармандӣ машғул мешудем",- ба ёд овард Асадулло.
Ҳунарманди якумра
Аз бозёфтҳои бостоншиносӣ муайян мегардад, ки ҳунармандон маснуоти заргариро дар асри биринҷӣ бо истифода аз ҷирмҳои осмонӣ ва тасвири ҳайвонот оро медоданд. Бо мурури вақт ҷойи онро нақшҳои исломиву ҳандасӣ иваз намуданд. Имрўзҳо заргарон аз нақшҳои қадимаву ҳозира истифода бурда, зару зевар омода месозанд. Нарзулло Раҳимов низ дар кори эҷодии худ аз нақшҳои гуногун истифода мебурд.
"Маснуоти бобоям бисёр зебо буд. Як вақтҳо гўшвору ангуштаринҳои чашмакдор мўд шуд, ки он кас ҳам месохтанд. Бобоям иштирокчии ҶБВ буданд. Он кас то ба даст овардани ғалаба ҷангидаанд. Дар ҷанг як пояшон маъюб мешавад. Баъди ба зодгоҳ баргаштан боз ҳунарашонро давом медиҳанд. Бобоям умри дарозу пурбаракат дидаанд. Он кас дар 87-солагӣ реҳлат кардаанд. Аз ҳама муҳимаш медонед чӣ? То охири умр ба ҳунармандӣ машғул буданд",- изҳор дошт Асадулло Нарзуллоев.
Нарзуллобобо соҳиби чор фарзанд, даҳ набера ва садҳо абераву чабера буданд, ки имрўз пайвандонаш бо касбу кори гуногун машғуланд. Танҳо наберааш Асадулло ҳунари қадоқгарии бобояшро мерос гирифта, ин ҳунари қадимаро пеш мебарад.
Абдуғаффор ШОДИЕВ