Formula novemver 2024
Зардевориро чи тавр бояд интихоб кард?
995

 

Хонаро ороиш додан аз кас салиқаи хосеро талаб менамояд.

Албатта ҳар соҳибхона мувофиқи таъбу завқи худ зардеворӣ интихоб мекунад, вале баъзе нозукиҳое ҳастанд, ки дар интихоби зардеворӣ ҳатман бояд ба инобат гирифта шаванд.

Зардевориҳои ҳуҷраҳои гуногун аз ҷиҳати ороишу рангашон аз якдигар фарқ мекунанд. Барои мисол, наметавон зардевории хонаи кӯдакро дар даромадгоҳи хона кашид ё баръакс зардевории сергулу зарҳалдорро дар хонаи кӯдакона кашидан мумкин нест.

Зардеворӣ хоҳ-нохоҳ ба таъби инсон таъсир мерасонад, аз ҳамин сабаб, баъзан ба ягон ҷо меҳмонӣ рафта, табъамон худ аз худ вайрон мешавад ё баръакс болидарӯҳ мегардем. Ба меҳмонӣ рафта, якбора дилтанг шавед, ин маънои онро дорад, ки зардевории интихобкардаи соҳибхона ба таъби шумо мувофиқ наафтидааст.

Нозукиҳои ороиши хона

Вобаста ба имконият ҳамаи ороишоти хона- зардеворӣ, қандил, қолин, парда ва дигар ҷузъиётро бо ҳам тавъам намудан лозим аст. Ин мутобиқат ҳангоми даромадан ба хона дили касро равшан месозад. Хонае, ки зардевориҳои зард дорад, вале пардаю қолинаш кабуд аст, ба назар безеб менамояд. Аз ҳамин хотир бояд зардевории ҳуҷраҳои гуногун бо пардаю қолин ва қандил мувофиқ оянд, ҳам аз ҷиҳати ранг ва ҳам аз ҷиҳати ороиш.

                   Зардевории сергул беҳтар ё якранг?

Зардеворӣ барои зеботар кардани манзили худ ва фароҳам овардани муҳити дилкаш хеле муҳим аст. Он вобаста ба шароит, мавқеъ, ҷой ва таъбу завқи соҳибхона интихоб карда мешавад. Барои меҳмонхона одатан зардевориҳои сергул, рангҳои ҷаззоб, баланд ва зарҳалдорро интихоб мекунанд. Барои хонаи хоб зардевориҳои гулҳояш ором, маҳин, рангҳои паст ва дилкашу нозукро интихоб кардан лозим аст. Ин барои хоб кардану истироҳат намудан хуб аст.

                     Шарқ нозукиҳои худро дорад

Бояд гуфт, ки таъбу завқи намояндагони Шарқ аз Ғарб комилан фарқ мекунад ва мӯди шарқиёна дигаргуна аст. Зардевориҳое, ки дар давлатҳои Шарқ интихоб мешаванд, диққатҷалбкунанда мебошанд. Дар мамолики Шарқ нафақат зардеворӣ, балки парда, овезаҳо, қандилҳо, қолинҳо низ зиёд ороиш дода мешаванд.

                   Аз навигарӣ натарсед!

Ҳар маҳсулоти нави ороишӣ, ки дар бозорҳои кишварамон пайдо мешаванд, имкониятҳои моро зиёдтар намуда, тарзу усулҳои нав ба нави ороиши замонавии манзилро дастрас месозанд. Аз навигарӣ натарсида, манзили худро ба таври замонавӣ оро диҳед.

Интихоби ранги зардеворӣ

Барои меҳмонхонаатон зардевориҳои рангашон сафедро интихоб намоед, беҳтар аст, чунки ранги сафедро одамон кайҳо ҳамчун рамзи ид ва тозагию покӣ мешуморанд.Барои ҳуҷраҳои дигар аз дигар рангҳо истифода бурдан мумкин аст. Ҳангоми часпондани зардеворӣ андозаи ҳуҷра ва баландии деворро низ бояд ба назар гирифт.

Хулоса, ҳангоми интихоби зардевориҳо дар ёд дошта бошед, ки хонаи шумо натанҳо макони зисту зиндагии шумо ва аҳли оилаатон аст, балки меҳмононро низ бо дунёи ботиниатон ошно месозад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД