Formula novemver 2024
Зарар ва манфиатҳои қаҳванӯшӣ
1096

 

 "Андоза нигоҳ дор, ки андоза накӯст." - Ин мақолро гузаштагонамон беҳуда нагуфтаанд, зеро дар ҳама кор аз рӯйи меъёр амал намудан, ба кас манфиатовар аст.

Дар нӯшидани қаҳва низ нигоҳ доштани андоза ба саломатии инсон муфид аст. Имрӯзҳо нӯшидани қаҳва як одати маъмулӣ гардидаасту ҳамагон пас аз нӯшидани як финҷон қаҳва худро орому сабук ҳис мекунанд. Аммо, аз меъёр зиёди истеъмолӣ бетаъсир намегузорад.                      

Чаро нӯшидани қаҳва ба организми инсон таъсир мерасонад? Ин нуқтаро бо панҷ аломатеро овардаанд, ки аз нӯшидани каҳваи барзиёд шаҳодат медиҳад.

Барои қаҳва пули зиёд сарф кардан

Одат шудааст, ки бе нӯшидани қаҳва кореро оғоз нанамоем. Зеро дар бештари вақт баъди нӯшидани он худро сабук ҳис мекунем. Аксар маврид, ҳангоми хӯрдани субҳона, хӯроки нисфирӯзӣ ва хӯроки шом ё ҳангоми вохӯрдан бо рафиқон ҳатман қаҳва истеъмол менамоем. Пас як қисми буҷаи мо ба харидани қаҳва сарф мешавад.

Ҳангоми нӯшидани қаҳва хашмгин шудан

Дилбастагии сахт ба қаҳва, ба паст шудани кайфият ва зиёд шудани ҳолатҳои ногувор дар зиндагӣ мегардад. Агар қаҳва нанӯшед худро хуб ҳис намекунед. Чунин аломатҳо нишонаи кам кардани истеъмоли қаҳва мебошад.

Мушоҳидаи ларзиш, вале на аз хунукӣ

     Ҳайрон нашавед, агар дасту пойҳоятон пас аз истеъмоли ду қаҳваи 0,5 литрии америкоӣ беихтиёр ба ларзиш шурӯъ кунанд. Ҳамин тариқ, организм аз зиёд шудани миқдори кофеин сигнал медиҳад ва функсияи ларзишро фаъол мекунад.

Қаҳва баданро тароват намедиҳад

   Одатан қаҳва энергия медиҳад, аммо пас аз як пиёла латте сатҳи энергетикӣ ба сифр меафтад. Аз сабаби истеъмоли аз ҳад зиёди кофеин, миқдори боз ҳам зиёдтар барои таровати бадан лозим аст.

Даст кашида натавонистан аз қаҳва дар дилхоҳ маврид

Тамокукашҳо боварӣ доранд, ки онҳо метавонанд ҳар вақт пеш аз он ки дар давоми ним соат бори сеюм сигоркашӣ кунанд, метавонанд онро тарк кунанд.

Одаткунии ба қаҳва ихтирои табибон нест, балки як одаткунии воқеии пур аз мушкилоти саломатӣ мебошад. Агар нишонаҳои дар боло зикршуда ба шумо шинос бошанд ё нишонаҳояшро ҳис кунед , тавсия дода мешавад, ки чораҳои фаврӣ андешед.

"Lady.mail.ru" 5

 

 

 

 

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД