Дар вилояти Маскав кормандони пулис як муҳоҷири 33-соларо барои муносибати бераҳмона бо духтари ноболиғаш боздошт намудаанд.
Тавре расонаҳои русӣ навиштаанд, духтарчаи 12-солаи ин марди муҳоҷир пас аз латукӯби шадид аз ҷониби падараш бо захмҳои зиёд аз хона фирор намуда, ба пулис шикоят кардааст. Духтаракро бо осори зиёди латукӯб дар беморхона бистарӣ кардаанд.
Гуфта мешавад, ки падари золим фарзандашро бераҳмона лутукӯб намуда, бадани духтаракро бо олоти оҳании дар оташ тафсонидашуда сӯзондааст.
Дар рафти тафтишот маълум шудааст, ки ин оила дар Русия ба таври ғайриқонунӣ зиндагӣ мекунанд ва дар макони қайди зисташон умр ба сар намебаранд. Муҳоҷири боздоштшуда зодаи яке аз кишварҳои Осиёи Миёна буда, духтарчаи 12-солаашро пайваста бераҳмона латукӯб мекардааст. Модари духтар низ аз ҷониби пулис боздошт шудааст.
Тавре «Известия» навиштааст, духтарак баъди латукӯби навбатӣ аз хонаашон фирор намуда, ба фурӯшандаи як мағоза дар бораи ӯро бераҳмона задан ва баданашро сӯзондани падараш нақл кардааст. Фурӯшанда ба “Ёрии таъҷилӣ” ва пулис хабар додааст.
Табибон дар дасту пой, тахтапушт ва зонуҳои духтар осори зиёди захм ва сӯхтагиро пайдо намуда, ӯро фавран дар бемористон бистарӣ кардаанд.
Сабаби сар задани моҷаро, ба навиштаи расонаҳои русӣ, дар он будааст, ки духтарак аз корти бонкии модараш пул гирифта, барои худаш сарулибос харидааст. Ин рафтори духтарча боиси хашму ғазаби падараш гашта, ӯро бераҳмона латукӯб намудааст ва калиди мурваттобдиҳии мошинро (гаечный ключ) дар болои оташи сӯзон гарм карда, аъзои бадани кӯдакро сӯзондааст.
Ин оила ба ғайр аз духтараки ҷабрдида боз 5 фарзанди дигар доштаанд. Ду фарзанди ин оилаи муҳоҷирро мақомот ба хонаи кӯдакон супурдаанд.