Ҷавони 23-солааму вақти хонадоршавиям расидааст. Росташро гӯям, аввалҳо бачаи булҳавас будам ва бо духтарони зиёде ишқбозӣ мекардам. Духтарбозиам то замоне авҷ дошт, ки бо Дилором ном духтараки нозанин шинос шудам.
Аз аввалин нигоҳ ин духтар дили маро волаю шайдо гардонд ва дарёфтам, ки Худованд аз азал моро барои ҳамдигар офаридааст. Қарор додам, ки минбаъд ба ҷуз Дилором дигар меҳри касеро ба дил роҳ намедиҳам. Тамоми ёру дӯстонам Дилоромро дида писандиданд ва ба интихоби оқилонаам аҳсан хонданд, вале волидонам норозиянд. Падарам аз аввал мегуфт, ки ягон духтари меҳнатиро келин мекунад, то арӯс тамоми кору бори хонаро бар дӯш бигирад. Ба Дилором ошиқ буданамро шунида оташ гирифтааст. «Одамеро, ки хуб намешиносӣ, чӣ хел духтарашро ба занӣ мегирӣ?» гӯён аз хостгорӣ рафтан ба хонаи падари Дилором саркашӣ мекунад. Модарамро илоҷе карда розӣ кунондам, вале падарамро ҳеҷ ба гап дароварда наметавонам. Боварӣ дорам, ки бо арӯси ёфтаи падарам хушбахт намешавам, вале вай ду пояшро ба як мӯза андохта, танҳо ҳамон духтарро келин карданист. «Ситораи арӯсу домод мувофиқ наояд, як умр ҷойгаҳашон хунук мемонад» гуфтани мардум беҳуда нест, вале падари ман ҳақиқати ин ҳикмати халқиро дарк намекунад.
«Падар розӣ ҳудо розӣ» гӯён бародаронам маро талқин карда истодаанд, ки ҳамон арӯси ёфтаи падарамро ба занӣ бигирам. Ҳайронам, ки бо духтари намешинохтаам чӣ хел зиндагӣ мекарда бошам. Дилам ҳанӯз ба Дилоромам кашол аст. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед. Арӯси ёфтаи падарамро ба занӣ бигирам ё барои расидан ба васли Дилороми аз ҷон азизам мубориза барам?
Муллобачаи 8181