Formula novemver 2024
Занозании мардон боиси хунрезӣ гашт
2209

Беҳуда нагуфтаанд:
Одамият мешавад афзун, вале
Одаму одамгарӣ кам мешавад!
Дар ҳақиқат солҳои охир одаму одамгарӣ, раҳму шафқат ва меҳру муҳаббати инсонӣ торафт кам шуда, баъзан барои дупула гап одамон ба сари ҳамдигар кору камон мекашанд ва мисли даррандаҳои хунхор бераҳмона синаи якдигарро медаранд. Ду ҳодисаи хунине, ки дар як рӯз дар Вилояти Хатлон сар задаанд, делили равшани ин гуфтаҳоянд.
Тавре ки ВКД хабар медиҳад, ҳодисаи аввал соати 10.00-и рӯзи 28-уми ноябр сар зада, як ҷавонмарди 27-сола бе ягон сабаб ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Темурмаликро бераҳмона лату кӯб намуда, 1 маротиба ба сар ва се маротиба ба шикамаш корд задааст. Ҷабридида бар асари ин ҳодисаи хунин ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, фавран ба беморхона интиқол дода шуд.
Ҳодисаи дуюми хунин ҳамагӣ 3-4 соат пас дар шаҳри Кӯлоб ба вуқуъ пайваста, байни ду марди 49-солаи сокини ин шаҳр баҳсу мунозира ба миён меояд. Моҷарои лафзӣ баъдан ба кашмакашу занозанӣ печида, яке аз мардон рақиби худро корд мезанад. Зарбаи корд ба рони пойи марди 49-сола рост омада, ҷабрдида бо ҷароҳати хуншор ба бемористон бурда шуд.
Тафтишот аз рӯйи ин ҳодисаҳо идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД