Formula novemver 2024
Занону кӯдакон аз кадом бемориҳо эмин мемонанд?
455

 

Норасоии микроэлементҳо дар ғизо яке аз мушкилиҳои ҷомеа маҳсуб ёфта, барои ҳалли он Ҳукумати кишвар дар якҷоягӣ бо Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар ин самт корбарӣ намуда истодааст.

“Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хўроквории ғанигардонидашуда” маҳз дар ин мавзӯъ, миззи мудавар баргузор гардид, ки дар он намояндагони Ҳукумати кишвар, корхонаҳои истеҳсоли орди гандумӣ ва шарикони рушд ширкат намуда, оид ба тадбирҳои минбаъдаи густариши ғанисозии орди гандум дар кишвар гуфту шунид намуданд.

Адҳам Мусаллам, директори БОҶ дар Тоҷикистон қайд кард, ки "Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ ӯҳдадор аст, ки ҳамкориро бо вазоратҳо, идораҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ, барои минбаъда ғанигардонии маҳсулоти хӯрока идома диҳад. Дар баробари ин, бо таҷриба ва донише, ки дар самт дорем, барои беҳбуд бахшидан ба саломатӣ ва ғизои кӯдакони тоҷик ва оилаҳои онҳо саҳм гузорем. 

 Ғанигардонии маводи ғизоӣ, аз ҷумла орд, аз воситаҳои камхарҷ барои мубориза бо норасоии микроэлементҳо маҳсуб ёфта, яке аз мушкилии асосии соҳаи тандурустӣ, махсусан, занону кӯдакон боқӣ мемонад.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД