Commerc banl
Занони зиндониро фаромӯш накунед...
31

Супориши Ҷаноби Олӣ

- Муаллима, омодагӣ бигиред, ману Шумо ва шоира Меҳринисо бо супориши Ҷаноби Олӣ ба дидорбинии занҳои маҳкумшуда ба шаҳри Норак меравем,- гуфт рӯзи 2-юми март вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ба ман.

- Меравемууу,- суханро дароз кашидам, чаро дар рӯзи таваллуди ман?,- бо нимханда посух додам, ки дудилагиямро таҷассум мекард. Ва дар як они воҳид андешаҳои зидунақиз дар сарам чарх заданд.

"Нахуст ин супориши Сарвари Давлат аст, ки онро ҳатман бояд иҷро кард. Дуюм солҳо мехостам аз ин макони махуф ва ҳоли занони зиндонӣ ҳамчун як қаламкаш дидан бикунам. Сеюм милод барои инсон як рӯзи хосест, барои ҳар нафар ва ман онро ба занҳое мебахшам, ки ниёзманди таваҷҷуҳанд...

- Эээ, ҳаа. Майлаш Шумо наравед, ман дигар касро мегирам,- гуфт вазирбону.

Дар як лаҳза фикрам дигар шуд. Не, ин имконро аз даст намедиҳам. Унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон масъулияти маро то охир нигаҳдор аст. Шоиста будан, манфиати дигаронро болотар аз манофеи худ донистан аст.

Ман ҷашни милоди худро чаро аз як лаҳзаи шодии ин занҳои бадбахт болотар гузорам?

- Меравем! - гуфтам ба сӯйи Матлубахон як қадам наздиктар рафта. Ӯ ҳам бо ризоият сар ҷунбонд.

Ду рӯзи баъдӣ тамоми ҳушу хаёлам банди ин вохӯрӣ буд.

Зиндон чӣ гуна бошаду ҳоли занон дар он чӣ тавр?

Аз замони мактабхонӣ китобҳои зиёде хонда ва филмҳои гуногуне тамошо карда будам, ки аз зиндагии занҳо дар зиндон тасвирҳои пурдаҳшат доштанд. Хоса нигаҳҳои ғазаболуди онҳо ва ба одамони озод нафраташонро ба зиндагӣ, ман аз руйи ин бардоштҳо ҷузъи асосии ҳаёти зиндонӣ тасаввур мекардам.

Он шаб қариб, ки аз ҳаяҷони зиёд нахобидам. Чӣ мегӯем, чӣ гуна мегузарад ин дидор ва чӣ даҳшатҳоеро шоҳид хоҳем шуд? Дар тафаккури ман ҳолатҳои ғафримуқаррарии зиёде бо саҳнаҳои нохушоянд ҷой иваз мекарданд.

Саҳар либосҳои хеле хоксорона пӯшидам, то ба дили ғамгини ин занҳо наштар назанам.  

Воқеан ҳаяҷонзада будам. Тасаввур мекардам, ки ҳозир ба занҳои мӯйисарҷӯлидаву бадбахту дарғазаб дучор хоҳем шуд, ки ҳар чизи ба хушбахтиву озодӣ пайванд, онҳоро хашинтар мекунад.

...Инак дарвозаи бузурги оҳанини вазнин бо садои ғамангезе кушода мешаваду аз дохил мошине берун меояд ва андешаҳои пурдаҳшати ман гӯё тасдиқ мегарданд. Чӣ макони бадест пушти ин деворҳои баланду симхорпеч...

Гурӯҳи мо, ки аз хонуми вазир, шоира Меҳринисо, директори нашриёти "Адиб" Раҳмоналӣ Шералиев ва банда иборат аст, тӯҳфаҳои овардаамон - китобҳоро ба аскарбачаҳои навбатдор медиҳему аз чандин дарҳои панҷарапӯш ба саҳни Муассисаи ислоҳии занҳо ворид мегардем. Дили ман аз будаш бештар дар таппиш аст.

Саҳни ҳавлии ин Муассиса ғайричашмдошти банда чун як макони муқаррарӣ тозаву озода аст.

500 бонуи зиндонӣ

Дар тасаввури ман динаву парер, макони ин мулоқот як толори нимторике бо тирезаҳои майдачаи дар қисмати болои девор, ки нури офтоб ба он намедарояд, ҷилва мекард. Барои худро каме ором кардан аз яке аз қумондонҳои роҳбаре, ки моро пазиройӣ ва ҳамроҳӣ мекард, мепурсам:

- Чӣ қадар занон дар ҳабсанд?

- 500 нафар, - кутоҳ ҷавоб медиҳад ӯ.

Боз андешаҳо диламро мефишоранд. 500 ҷинояткор ва ҳазорон одамони бо онҳо пайванде, ки то озодшавии инҳо дар ғаму андуҳанд. Охир ҳар кадоме аз инҳо модар, ҳамсар, духтар, хоҳар ва дигар хешу табори ҳазорон одамонанд.

- Хеле зиёд, - мегӯям ба роҳбаладамон, ки шумораи маҳбусон ва ин гуфтаи ман ба ӯ дахле надорад.

- Муаллима, миёни онҳо занҳои босавод ҳам ҳастанд. Чанд рӯз пеш як журналисткаамон маҳфили "Шоҳномахонӣ" доир кард, хеле ҷолиб буд.

Дилам таҳ мекашад - "журналистка"...

- Ооо, хеле аҷиб. Беҳтар аз баъзе бонувони озоди кӯчагард, - мегӯям ба зиндонбон ҳаяҷонамро аз шунидани кори ҳамкасбам пинҳон дошта.

- Боз ин ҷо нафаре аз занони маҳкумшуда дарсҳои англисиву русӣ ташкил кардаву чандин нафарҳоро ба таҳсил фаро гирифтааст, - шерак шуда мегӯяд ӯ.

- Ҷиддӣ? Олӣ. Бисёр кори хубе мекунад.

Забондонҳо ҳам ҳастанд?

- Ин ҷо ҳар хел одам аст, муаллима...

Дилам каме таскин меёбад, ки ҳанӯз умед дар дили ин занҳо намурдааст.

Аз тангнои ин ҳавлӣ ба паҳнои он мегузарему як майдони васеъ, ки атрофаш чандин биноҳо ҷойгиранд, аз пешамон мебарояд ва...

...Дар ин майдони васеъ ва тозаву озода занҳои зиёде бо либоси якранг дар курсиҳо нишастаанду ҷо- ҷое дуртар нигаҳбонон истода ва рӯ ба рӯяшон чун толорҳои муқаррарӣ мизу курсиҳо барои меҳмонон. Яъне як ҷойе чун макони ҷамъомадҳои муқаррарӣ. Аз баски майдон хеле фаррох аст, то аз хамгашт пайдо шудану наздик омадани мо маҳбусон дар ҷояшон нишастаанд. Қарибтар меравему селаи занҳои сабзлибоси якхела чун кабӯтарони даруни тӯри сайёд якбора аз ҷой баланд мешаванд.

Садои чапакзании 500 зан ва аз ҷой бархостани ҳамин қадар одам бо чеҳраҳои боз, ҳама тасаввуротҳои маро дар бораи як макони тираву тору пурзаҳ, деворҳои ранги тираву бӯю таф ва чеҳраҳои заъфаронии хашин ва мӯйҳои бешонаву чеҳраҳои ноумед дар пеши чашмонам, ба якборагӣ чун шишаи ба санг бархӯрда, пош мехӯрад. Хайрият...

Мо ба ҷойи муқарраршуда нишастему ман ба сӯйи ин сели маҳкумшудагон бо тарс нигоҳ кардам. Худоё, чи қадар зиёданд...

Сардор моро ба онҳо муаррифӣ карду ба вазирбону сухан дод. Дили ман ҳамоно метапид. Чӣ хоҳад гуфту чӣ мегӯйем мо ба инҳо, ки чандин нафарҳояшон аллакай оби дидагонашонро тоза мекарданд.

- Бонувони азиз! Имрӯз ман ба назди шумо бо супориши Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчун як инсон омадаам, - садои қавӣ ва форами Сатториён таваҷҷуҳи ҳамаро ба худ кашид ва занҳои гирён ҳам лаҳзае аз ғам гӯё фирор карданд.

"Ҳар яки шумо пеш аз ҳама инсон, зан ва аксаратон модар ҳастед. Ҳар инсон дар зиндагӣ метавонад ба иштибоҳ роҳ диҳад, аммо иштибоҳ поёни роҳ нест. Муҳим он аст, ки аз он сабақ бигирем ва бо азми қавӣ роҳи навро интихоб кунем.

Чеҳраҳои аҳли нишаст ранг дигар мекард. Нигаҳҳо меҳромез гаштанд. Бо шунидани номи Президенти мамлакат ҳамагӣ аз ҷой бархостанд ва чапак заданд.

Магар мешавад чунин сарварро дӯст надошт?

Чаро не? Охир дар ин моҳи шарифи рамазон, дар арафаи иди модарон ва дар рӯзҳое, ки ними дунё даргири ҷангу хунрезиҳост, Президенти мо аз занони зиндонӣ ёд мекунад. Мехоҳад онҳо ҳам дар арафаи иди зан- модар чанд соате худро бону эҳсос кунанд. Онҳо бидонанд, ки моҳи хайру эҳсон танҳо нахӯрдану наошомидан не, моҳест, ки инсонҳо бояд ба ҳам меҳрубон бошанд, некӣ кунанд, хайру саховат дошта бошанд ва муҳим аз ҳама дилеро шод бигардонанд.

Магар метавон чунин Сарварро дӯст надошт? Магар метавон бо чунин Роҳбар ифтихор накард. Оё мумкин аст, аз чунин Пешво миннатдор нашуд? Не албатта...

Охир ин занони боре раҳгумзада ҳам инсонанд, дил доранд, ақл ва дарк доранд, ки некиву бадиро тафриқа бигзоранд. Хубиро дар ҳақи хеш арҷ бигзоранд.

Аксариҳо боз оби чашм пок мекунанд. Эҳсос мешавад, ки ин супориш, ин ғамхорӣ, ин накӯйии падаронаи Эмомалӣ Раҳмон ном падари миллат ва умеди ягонаи ин занҳо аст, ки ҳатто ин фарзандони "беадаб"- и худро ҳам дар ин лаҳзаҳо падарӣ мекунад. Мебахшад, ғамашонро мехӯрад ва барояшон чораҳо меандешад.

Албатта инҳо ҳам инсонанд, хато кардаанд. Вале волидон ҳама гуноҳҳои фарзандро таҳаммул мекунад. Бале, миллат ба бахти ҳамзамонони ман чунин падари раҳмдилу оқилу одил дорад.

Агар имрӯз дигар президентҳо дар қиболи хуни миллионҳо одамон бо ҷангу хунрезиҳо забткориҳову даҳшатҳо биофаранд, Президенти мо дар бораи 500 нафар занони хатокардаи миллаташ нақша мекашад, то онҳо хешро дар ҷашнҳои баҳорӣ ва хоса рӯзи модар бесоҳибу бечора эҳсос накунанд.

- Шумо арзиш, шараф ва қудрати ботинӣ доред, онро дар давраи бароятон вазнин нигоҳ бидоред.

Ин айёме, ки шумо дар ин ҷо қарор доред, метавонад ба як давраи андеша ва худшиносӣ табдил ёбад. Шояд ин фурсатест, ки инсон бо худ рӯ ба рӯ шавад, дар бораи гузашта фикр кунад ва барои оянда нақша кашад- идома медиҳад вазири фарҳанг ба суханронии хеш...

Дар чашмҳои занон оташаке дурахшон мегардад.

Табассум дар лабони бархе гул мекунад, таваҷҷӯҳ ба минбар бештару нигаҳҳо гармтар мегарданд. Нигаҳҳои ман қатори ин нишастгоҳи пури маҳбусро наззора мекунад.

Ҳамаи онҳо тозаву озодаанд. Мӯйҳои шоназада, қошу чашмони усмаву сурмазада ва рӯйи сурхиву сафедӣ молида, ки гувоҳи завқи зиндаи занонаи эшон аст, аз чашмам пинҳон намемонад. Ҳаёт дар зиндон низ дар ҷӯш аст. Тавре ки баъдан нафаре аз онҳо иқрор кард, онҳо ба ҷуз озодӣ камбуди дигаре надоранд...

Худро бубахшед

"Ҳар субҳ, ки чашм мекушоед, бароятон имкони нав аст.

Ман шуморо ташвиқ мекунам, ки ин вақтро барои омӯзиш ва такмил додани шахсияти худ истифода баред. Агар имкони омӯзиши касб, хондани китоб ё иштирок дар машғулиятҳо вуҷуд дошта бошад, аз он истифода намоед. Дониш ва ҳунар чизест, ки ҳеҷ кас онро аз инсон гирифта наметавонад. Он сармояи шумост барои зиндагии нав.

Барои онҳое, ки модар ҳастанд, мехоҳам бо эҳтиром бигӯям: фарзандон ҳамеша ба модар ниёз доранд – ба муҳаббат, ба намунаи қавӣ ва ба бовар. Шояд имрӯз дурӣ миёни шумо бошад, аммо шумо метавонед бо ислоҳи худ ва интихоби роҳи дуруст ба фарзандонатон нишон диҳед, ки модарашон зани қавӣ аст. Беҳтарин туҳфа барои фарзанд – модари боирода ва умедвор аст"- идома медиҳад Матлубахон Сатториён аз минбар.

Чашмони ман миёни ин қаторҳо занонеро мекобад, ки хашмгину навмед ва дарғазабу кинатӯзанд. Аммо бовар мекунед? Намеёбам.

Миёни онҳо чанд занеро бо мӯйи испед мебинам, мехоҳам бидонам, ки онҳо ин ҷо сарсафед шудаанд ё бо ҳамин синну сол ҷиноёте содир кардаанд? Аммо имрӯз имкони ин гуна пурсиш нест. Солхӯрдазане ба асо такя карда, лангон ба бино медарояд. Худоё, барои ӯ шояд ин тарзи зист мудҳиштар аз дигарон аст, зеро ин синнест, ки одам бояд дигар истироҳат кунад ва роҳати пирӣ бибинад. На дар зиндон...

Вазирбонуи сухандон бо истифодаи беҳтарин вожаву маъниҳои тарбиятгар ба дилу андешаву афкори онҳо ворид мешавад. Оби дидаи аксариҳо бо шунидани ин ҳарфҳои риққатбор бештар ҷорӣ мегардад. Гумон меравад, ки онҳо нав дарк кардаанд, ки чӣ иштибоҳҳое онҳоро сокини ин макон карда...

Ҳарчанд дар ахлоқу маърифати мо фарҳанги бахшояндагӣ хеле зиёд тарғибу таълим мешавад, вале мутаассифона, тарбияи худбахшандагӣ миёни ин панду раҳнишондиҳӣ хеле кам аст. Ман дар хориҷиҳо ин талқинро зиёд дидаам, аммо дар худамон не. Мо дигаронро мебахшем, аммо на худро. Моро намеомӯзанд аз ин фарҳанг волидонамон.

Инак Матлубахон хеле омиронаву боэътимод ба ин занҳо рӯ меорад:

"Ҳамчунин муҳим аст, ки худро барои гузашта бибахшед. То вақте инсон худро намебахшад, оромӣ намеёбад. Бахшиш маънои фаромӯш кардани иштибоҳро надорад, балки маънои аз он сабақ гирифтан ва дигар такрор накарданро дорад. Виҷдони ором ва нияти пок оғози зиндагии нав аст."

Касе қарсак мезанад, зеро аллакай ба умқи ин гуфтаҳо расидааст. Дигарон пайравӣ мекунанд.

Бонуи зиндоние, ки касби иттилоърасониашро ин ҷо ҳам истифода мекунад, бо фотоаппарати калоне ҳар лаҳзаи ин мулоқотро сабт мекунад, акс мегирад ва дар баробари ин беист оби чашмашро, ки гӯё дарёи серобест, пок мекунаду он боз ҳам ҷорист...

Худовандо, касе аз сарнавишт пешакӣ огаҳ нест. Як иштибоҳ, як лағжиш, як рафтор ё амале ҳаёти касро ба куллӣ дигар мекунад ва нохудогоҳ як мутахассисе дар як муддате номи маҳкумшудаву зиндониро мегирад.

Шеъри Меҳринисо дар фазои зиндон

Дар қатори аввал зани ҷавоне, ки аз наздик омадани мо то ин дам лаҳзае дам нагирифта мегирист ва оҳи сард мекашид, ба назар мерасад, ки ба умқи ин суханҳо беш аз дигарон ворид аст. Ҳар як ҳаракоти чашму абрӯ дасту бозӯяш гувоҳи гуфтаниҳои зиёди доштааш аст. Аммо ҳақ надорад. Ӯ зиндонист...

- Ҳар яки шумо метавонед баъди анҷоми ин марҳила ба зиндагии солим баргардед, кор кунед, фарзанд тарбия намоед ва узви фаъоли ҷомеа бошед. Гузашта тағйир намеёбад, аммо оянда дар дасти шумост.

Ман ба қудрати ботинии шумо бовар дорам. Қувваи зан дар сабр, дар ақл ва дар муҳаббат аст. Агар шумо қарор кунед, ки роҳи навро интихоб мекунед, ҳеҷ монеа наметавонад шуморо аз он боздорад."- ин ҷумлаҳо гӯё посухи он беқарориҳои он зани дидагирён аст.

Чашмони ман миёни сафи ин занони бешумори сабзпӯш, ки либоси махсуси зиндонист, духтаракони ҷавонеро мебинанд, ки ин ҳолат диламро ба ларза меорад. Худоё, чанд сол дошта бошанд, онҳо? Ба кадом ҷинояте даст зада бошанд?

Охир онҳо оянда бояд худ модар бошанд, тарбиятгар бошанд.

Магар ин ҷо ислоҳ мешаванд, магар пушаймонӣ роҳи онҳоро дигар мекарда бошад? Шумораи ҷавондухтарон ба назар хеле зиёд аст. Диламро ғами ноаён мефишорад. Иштибоҳи ояндасӯзи онҳоро чӣ паёмаде бошад?

Гардонандаи ин ҷамъомад суханро ба шоира Меҳринисо медиҳад. Минбар боз гул мекунад, гули шеър, гули меҳр, гули таскину раҳнамоӣ. Шоираи рӯзгордидаро аҳли нишаст боз бо оби чашму қарсакзаниҳо истиқбол мекунанд. Дар лабони бархе ғунчаи умед шукуфо мегардад. Охир таъсири адабиёт ба руҳияи инсон хос аст. Шеърҳои Меҳринисо рӯҳияи занонро боз лаҳзае дигар мекунанд.

Толор ва минбар баробар мегирянд. Мо барои зиндонӣ будани онҳо ва онҳо бо ҳаваси озод будани мо...

Дили модар

Чун суханро ба ман медиҳанд, бо буғзи дар гулӯ ду китобро аз миёни 25 китобҳои барои ин занон тӯҳфа овардаам ба даст мегираму ба минбар меравам. То ҳанӯз намедонам, ки чӣ мегӯям...

- Модарону хоҳарони... гиря гулӯям мефишорад... чи вожае истифода кунам? Мӯҳтарам? Арҷманд? Не. Охир онҳо зиндониянд. Онҳо на арҷманданду на муҳтарам. Ҷинояткоранд.

Вале магар мо омадаем, ки онҳоро боз ҳам таҳқир кунем? Ҳарчанд чунин аст, мақоми онҳо имрӯз - маҳкумшуда.

Чашмҳои пуроб, чеҳраҳои пуризтироб ва айни замон баумеди ин майдони пур аз занҳои ҷиноятсодиркарда мани сухандонро ҳам раҳгум мекунад.

- Моро ба назди шумо падари ин миллат ва раҳбари тоҷикони тамоми олам, ки мардумони зиёде орзуи доштани ҳамчунин Сарвареро доранд, ба намояндагӣ аз занҳо барои дилбардории шумоён, фиристодаанд. Бидонед, ки шумо аз таваҷҷӯҳ ва ғамхории падаронаи ӯ дар ҳамин ҳол ҳам бебаҳра намондаед. Ӯ дар фикри шумо ҳаст ва андешаи озодиятонро ҳамеша ба сар дорад- мегӯям барои умед бахшидани онҳо ба оянда.

Ҳама аз ҷой баланд мешаванд, эҳтироми номи Президентро ба ҷой меоранд, умедашон бештару эътимодашон қавитар мегардад. Зеро аз суханронии вазири муҳтарам, ки дар асоси пайғомҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, дилбаумеди авфи соли ҷашни таърихӣ гаштаанду акнун чеҳраҳояшон бозтар ва ҳатто баъзеҳояшон хандон ҳам гаштаанд.

Барояшон шеъри "Дили модар"- и Эраҷ Мирзоро ба ифтихори " Рӯзи модар" мехонам. Чанде аз сиёсатҳои даргири ҷаҳон ва чанде аз вожаҳои умедбахш барояшон ҳарф мезанам.

- Ман тасмим гирифтам, ки ин милодамро бо шумо якҷоя таҷлил кунам бо ин умед, ки мавлудҳои минбаъдаи ҳар якатон дар ҳалқаи пайвандонатон доир бигардад, - мегӯям ман.

Нидоҳои "табрик" , "муборак бошад" ва мавҷи қарсакҳои самимонаашон алами маро бештар мегардонад. "Худоё, ин рӯзи онҳоро ба душманонам ҳам нишон надиҳӣ!" - ба дил дуо мекунам ва ба забон "сипос" мегӯям ба онҳо.

Бархе онҳо аз он сӯйи ҳамоиш мегирянду мо аз ин ҷониб. Воқеан ин теъдоди бузург, ки имрӯз бояд чароғи хонадон, тарбиятгару модар, ҳамсару духтар бошанд, аммо онҳо унвони маҳкумшуда доранду миёни чаҳор девори зиндон.

Кӯдакон дар зиндон

Чанд нафаре баъдан аз бинои дигари ин муассиса ба ин ҷо меоянд, ки дар коляскаҳо кӯдак доранду баъзеҳояшон ҳомиладоранд.

Тифлакони онҳо, ки зиндагии зиндониро ҳаёт мепиндоранд, чун тамоми тифлони рӯйи дунё маъсуму бегуноҳанд. Ин номи пасти муҷримии модар аст, ки онҳоро дур аз падар, бародар бибиву бобо ва ҳаёти осудаву озод бенасиб кардаву инак онҳо низ чун модарон "зиндониянд". Ин аст ҳаёти талхи маҳкумшудагон.

Ҳарчанд он рӯз барои ин зиндониён хеле гиристаму дилам аз ғами онҳо чанд соате афсурда гашта бошад ҳам, хаёл мекунам ин беҳтарин зодрӯзам буд, ки қалби садҳо занони зиндониро бо шарофати дастури Президенти азизамон шод кардем.

Зимни тақдими китобҳо гуфтамашон, ки аз ин китобҳо, аз ҳаёти қаҳрамонони ин асарҳо, ки маридҳои омӯзанда доранд, панд бигиред ва ислоҳ шавед, то дигар ҳаргиз чунин рӯзҳоро набинед...

Китоби худам "Қаламрави ҳавас" ва ду китоби нависандаи номвар Соҷидаи Мирзоро барояшон ҳадя кардам ва дилам об хӯрд, ки шояд мутолиаи онҳо рӯҳияашонро болида гардонад.

Директори нашриёти "Адиб" - Раҳмоналӣ Шерализода, ки яке аз донишмандони замон ва ҳам шоиру ҳам нависандаи бикрмаъност, низ барои ин занҳо зиёда аз 100 номгӯй китобҳоро тӯҳфа оварда буд. Ӯ низ бо суханҳои шоиронаву орифонаи хеш ҳозиринро ба ҳаёти накӯ ва зиндагии пурнишоти баъдӣ раҳнамоӣ кард.

Афзалшоҳи Шодӣ бо дастаи навозандагони хеш ва бо ҳадя кардани чанд китоби таълифкардаи худ, қисмати тарабноки ин дидорбинии мо аз ҳаёти занони зиндонӣ буд.

Бо мусиқиву суруд, зери ин осмони соф гӯё чанд соате симхору деворҳои зиндон бардошта шуданду муҳити ин муассиса як базмгоҳи муқаррарӣ шуд.

Бархе аз занҳо ба рақс даромаданд, бархеи дигар ҳамоно мегиристанд. Лаҳзаи омезиши шодиву ғам низ аҷоиб тавъам афтода буд. Аммо ин лаҳзаи нишотро ҳам соати анҷом фаро расид. Вале муҳим он буд, ки чанд соате барои ин занон, дар ҳавои сухану шеъру тараб, хешро бидуни зиндон эҳсос кардаву воқеан шодӣ карданд.

Чашм ба роҳ

Сардори низомипӯш аз мо сипос карду хост ин ҳамоишро пӯшида эълон бидорад, аммо садои чанд зане баланд шуд: "Мо ҳам гуфтаниҳо дорем". Зиндонбон ноилоҷ шуду зане бидуни иҷоза ва муаррифӣ ба минбар баромад.

Баъди сипосу миннатдорӣ гуфт: "Шеъре, ки худам навиштаам, бароятон мехонам ва онро ҳатман ба Президенти кишвар бирасонед.

Албатта ӯ на шоир буду на эҷодкор, вале шеъраш саропо меҳр, саропо ниёз, саропо бахшишталабӣ, саропо узри гуноҳ, саропо умед аз авфи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон будаву ба Ҷаноби Олӣ бахшида шуда буд. Охир ин занҳо низ умедворанд, ки Сарвари ғамхору дилогоҳи онҳо дар ин соли 35 - солагии Истиқлоли Давлат ин қишри ҷомеаро низ аз лутфу марҳамати хеш бенасиб намегардонаду фармони авф содир менамояд.

Маҳкумшудаи дигар, ки худро собиқ журналисти телевизиони "Сафина" ва хабарнигори ҳафтавори "СССР" номид, бо сипос аз он ки шароити зисташон дар зиндон хуб аст, гуфт, ки дидори мо барояш бӯйи озодӣ овард ва ҳам шод шуду ҳам пеши мо хиҷолатзада аст.

Ӯ гуфт, ки миёни онҳо ва ҷомеа танҳо як девори зиндон аст, дигар онҳо ин ҷо ҳама шароити хубро доранду ҳама ҷашнҳоро ҳам таҷлил мекунанд, аммо ба тарзи дигар. Орзуи ягонаашон озодӣ аст.

- Агар зиндонро қасри забарҷад ҳам бисозанд, ба як соати нафас аз ҳавои озодӣ баробар нест- гуфт ин маҳкумшуда бо изҳори пушаймонӣ аз ҷинояти содиркардаи хеш.

Дар хотима муовини сардори ин муассисаи ислоҳи ҷазои ҷиноятӣ зимни суханронӣ гуфт:

- Бовар кунед, аксарияти ин занҳо аллакай ислоҳшудаанд ва месазад, ки онҳо ба назди фарзандону волидонашон бозгарданд.

Ин баҳои корманди муассиса ба дили мо ва занони зиндонӣ як умеде ҷо кард. Умедворем, ки авфи тиллоии интизории онҳо, муҳри озодии ин уммедвориҳо хоҳад гашт.

Умеди ҳамаи умедворон Шумоед, Ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон.

Ин супориши Шумо дилҳои 500 нафар зиндониёнро шод ва умеди ҳазорон ҳазору миллионҳо шаҳрвандони дигарро ба адолат дар сиёсататон қавӣ гардонидаву садоқатро ба Ватан бе шак таҳким мебахшад.

Зиҳӣ, Сарваре, ки яксон ғамхору меҳрубон ба аҳолии кишвар ҳастеду касе аз назари лутфу эҳсонатон дур намемонад.

Эй чашми умеди кулли мардум, Худо нигаҳбонатон! 500 нафар занони маҳкумшуда интизори марҳамати Шумо чашмбароҳанд...

Ҳуриннисо АЛИЗОДА,

Душанбе-Норак-Душанбе, 4-уми марти соли 2026

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД