Formula novemver 2024
ЗАНИ ЯКУМИ ШАВҲАРАМ РӮЗАМРО СИЁҲ МЕКУНАД
4432

 

Дар зиндагӣ лаҳзаҳои пуртаззод зиёданд... Баъзан ду нафар вохӯрда, ба ҳам ошиқ мешаванду оила барпо менамоянд, вале баъди чанде маълум мешавад, ки дар интихоби бахт хато кардаанд. Бо вуҷуди пушаймонӣ нафаре то охири умр тоқат мекунад, баъзеи дигар зуд ҷудо мешаванду хушбахтиро бо дигаре пайдо мекунанд.

Мутаассифона, ҳастанд тоифаи дигаре, ки баъди ҷудо шудан мақсади ягонаашон вайрон намудани зиндагии зан ё шавҳари собиқ мебошад.

Ман бо шавҳари ҳозираам бори дуюм оила бунёд намудам. Гумон накунед, ки шавҳарамро аз оилааш ҷудо карда бошам. Не, ин тавр нест. То вохӯриамон Мурод аллакай як сол танҳо зиндагӣ мекард. Аз рӯи нақли Мурод зани аввалааш рашки зиёд дошт ва ин боиси оилавайронияшон гаштааст. Аз зани собиқаш соҳиби ду фарзанд буда, фарзандони дӯстрӯякашро бениҳоят дӯст медораду завҷаашро ҳаматарафа дастгирӣ мекунад. То замоне, ки маро ба занӣ гирифт, ҳамсари пештарааш аз зиндагии худ розӣ буд...

Ҳаёти оилавии ман бошад, ба таври дигар сурат гирифт. Шавҳарам нӯшиданро дӯст медошт. Дар аввал тоқат карда, кӯшиш мекардам, ки шавҳарамро аз роҳи бад баргардонам. Чӣ корҳое накардам барояш. Мутаассифона, ҳатто тавлиди фарзанд садди роҳи бадмастии шавҳарам нагашт. Хушдоманам низ бо гиряву лоба ба ӯ таъсире расонида натавонист. Илоҷи дигар наёфта, аз баҳри чунин зиндагӣ гузаштаму ба хонаи модарам омадам.

Чӣ будани хушбахтиро ман бо шавҳари дуюмам эҳсос намудам. Нурулло марде ҳаст, ки ҳар як зан орзуяшро дорад. Ҳар рӯзи маро пур аз фараҳу шодӣ пур гардонида, кӯшиш менамуд, ки зиндагиямон хушу гуворо гардад, вале ба рӯзгори ширину соддаамон гӯё чашми бад расид. Зани аввалаи Нурулло ва собиқ шавҳарам аз ягон кори паст рӯй намегардониданд, то ки оилаи навбунёди моро вайрон созанд. Новобаста аз оне, ки Нурулло оилаи собиқашро пурра таъмин мекунад, занаш ҳар рӯз занг зада, бо ҳар баҳона ӯро ба мулоқот даъват менамуд. Баъдтар Нурулло нақл кард, ки боре зани собиқаш кӯдакро ба хонаи модараш фиристонида, бо ӯ ишқбозӣ намудан хостааст...

Шавҳари собиқи ман низ аз зани аввали Нурулло мондание надорад. Ҳар рӯз сархуш ба хонаамон омада, бо шавҳарам даст ба гиребон мешавад ва аз ӯ талаб мекунад, то ҷавоби маро диҳад. Ҳатто чанд бор ба милиса ҳам муроҷиат кардем. Завҷаи собиқи Нурулло боре ба хона омада, таҳдид кард, ки асло ба мо рӯзи хуш намедиҳад. Ва ба ин ваъдааш вафо ҳам кард. Ӯ дар назди ҳамсояҳо худро мӯсичаи бегуноҳ тарошида, моро сиёҳ кардааст. Гӯё Нурулло фарзандашро тамоман фаромӯш кардаасту тамоми ҳастияшро ба ман бахшидааст. Ҳамсояҳо бо мо муносибаташонро канданд.

   Ҳамаи ин ҳодисаҳо ба зиндагии ширини мо албатта таъсири бади худро расонд. Дигар аз шунидани овози занги телефон диламон меларзад. Ҳамаи ин фишорҳо моро заиф сохта, ҳаёти якҷояамонро зери суол мегузорад. Болои ҳамаи ин, ман ҳомиладор шудаам. Умед дорам, ки фарзандамон зиндагии ману Нуруллоро ширинтару қавитар месозад. Вале боз ҳам таги дилам сиёҳ аст, метарсам, ки ин ҳама фишору изтироби шадид ба тифли батнам зарар нарасонад.

Нигина

             

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД