Sebiston new 2024 october
Зани ҳунарманде, ки бо сумалакпазӣ машҳур шудааст
2443

Рамзи асосии Наврӯз сумалак буда, оростани хони наврӯзӣ бидуни ин ширинии лазизи баҳорӣ аслан маънӣ надорад, аз ҳамин хотир дар тамоми гӯшаю канорҳои Тоҷикистон бонувон пеш аз ид дасту остин барзада, сумалак мепазанд. Пухтани сумалак ниҳоят душвор буда, қариб як шабонарӯз тӯл мекашад ва на ҳар зан аз ӯҳдаи ин кор мебарояд. Имрӯз мо дар бораи зани ҳунарманде ба шумо маълумот медиҳем, ки ҳамчун сумалакпази моҳир ном баровардааст.

Сумалакпазиро аз бибиам омӯхтам

Дилбар Саидоваи 68-сола зодаи шаҳри Истаравшани вилояти Суғд мебошад ва қариб 12 сол мешавад, ки бо сумалакпазӣ машғул аст. Аз оғози моҳи март то миёнаҳои моҳи май ин бонуи пурҳунар хеле серкор мешавад, зеро ӯро барои пухтани сумалак ба маъракаҳои наврӯзӣ мебаранд. Азбаски сумалаки пухтаи Дилбархон бениҳоят бомазза буда, тамъ ва рангаш хеле дилкаш аст, аксарият барои боз ҳам зеботар шудани хони наврӯзии худ маҳз ба ӯ пухтани сумалакро супориш медиҳанд.

“Солҳое, ки мо хурд будем, дар ҳар хонадон сабза гузошта, барои наврӯз сумалак мепухтанд. Дар хонаи мо ҳам ҳар сол бибиям сумлак пухта ба хешу табор ва ҳаққу ҳамсоя тақсим мекарданд. Ҳар гоҳе, ки бибиям сари суманакпазӣ шинанд, ман ҳам даррав наздашон рафта, бодиққат ба гирумонашон менигаристам. Ҳамин тавр сумалакпазиро ёд гирифтам. Пухтани сумалак кори саҳлу осон нест, он заҳмати зиёд, вақти бисёр ва серҳаракативу чаққониро талаб мекунад,"-мегӯяд холаи Дилбар.


Кадбонуи моҳир

Ҳамсӯҳбати мо бори аввал ҳамроҳи дугонааш барои пухтани сумалак рафтааст ва чун сумалаки пухтааш болаззат баромад, бо шарофати дастони пурҳунараш ба зудӣ шӯҳрат ёфта, ҳамчун сумалакпази моҳир машҳур гаштааст. Аз ҳамон вақт холаи Дилбарро барои пухтани сумалак ба манотиқи гуногун даъват мекунанд. Ба синну солаш нигоҳ накарда, ин зани чаққон ва серҳаракат касеро аз дари хонааш ноумед гусел накарда, барои тамоми дӯсторони ин ширинии қадимӣ сумалак мепазад ва ба хурсандияшон шарик мешавад.

"Ҳар боре, ки барои пухтани сумалак меравам, бевосита шоҳиди он мегардам, ки чи тавр ин ширинии лазиз мардумро муттаҳид сохта, ба ҳам меорад. Одамони зиёде ҷамъ шуда, то пухтани сумалак суруд мехонанд, рақсу бозӣ мекунанд. Ҳамагон як-як сари дег омада бо ниятҳои нек онро мекобанд. Шукрона мекунанд, ки боз ба фасли баҳор расидаанд"-қисса мекунад Дилбар-хола.

Қаҳрамони мо ҳар сол дар 8-10 дег сумалак мепазад.

Ба гуфти ӯ баъзеҳо то 20-30 кг гандумро сабзонда, аз он сумалак тайёр мекунанд.
Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, барои пухтани сумалак одами бисёр лозим аст, зеро он дар муддати қариб як шабонарӯз тайёр мешавад ва дегро пайваста кофта аз обу алобаш бохабар шуда истодан зарур аст.

Тарзи пухтани сумалак

Дар шаклу намуд сумалаки минтақаҳои гуногуни кишварамон ба ҳамдигар монанд бошад ҳам, тарзи пухтанаш фарқ дорад. Бонуи моҳири сумалакпаз Дилбар Саидова тарзи пухтани сумалаки Истаравшанро чунин шарҳ дод:

"Барои тайёр кардани сумалаки наврӯзӣ, гандумро тоза карда ба зарфҳо мегиранд ва ду рӯз ба об тар карда мемонанд. Пасон дар табақҳо мегиранд ва рӯйи мизе гузошта, болояшро бо суф ё дастархон маҳкам мепӯшанд. Саҳару бегоҳ об мепошанд. Миз бояд каме нишеб бошад, то гандум обро ба худ ҷамъ карда напӯсад. Ҳамин тавр дар бадали ду-се рӯзи дигар гандум месабзад. Вақте ки сабзааш тахминан 1 см шуд, аз гӯштқимакунак гузаронида, шарбаташро ҷабида мегиранд. Ба дег равған молида, шарбати гандумро меандозанд ва ба он орд ҳамроҳ карда мекобанд. Дар зери оташдон оташ гиронда, сумалакро болои оташ мениҳанд ва то ҷӯшиданаш оташро баланд нигоҳ медоранд. Сумалак як маротиба нағз ҷӯшад, тезтар омода мешавад. Ба сумалак оби ҷӯшонидашуда андохтан лозим аст. Сумалак аз шаб то саҳар ҷӯшида, баъд мепазад.

Барои таги нагирифтан ва рангаш сурхи хушрӯ шудан ба сумалак чормағз илова мекунанд. Дар баъзе минтақаҳо ба деги сумалак 7 дона сангчаи тоза шустаро меандозанд. Аз қадимулайём мардум деги сумалакро бо ихлос, бо нияти амалӣ шудани орзуҳои некашон мекофтанд. Имрӯзҳо ҳам ин анъана вуҷуд дорад. Ҳамагон бо нияту орзуҳои нек бо навбат сумалакро мекобанд." 

Дилбар Саидова мегӯяд, сумалак тайёр шавад, чормағзҳо дар мобайни дег ҷамъ мешаванд. Чор тарафи дег "бақар-бақар" ҷӯшида аз пухтани сумалак дарак медиҳад. Сумалак, ки пухт, рӯйи дегро бо матоъ пӯшида ду-се соат дам додан лозим аст. Ҳамин тавр сумалаки Истаравшан омода мешавад ва онро ба аҳли хонадон, хешу табор ва ҳаққу ҳамсояҳо тақсим мекунанд. Ба гуфти ҳамсӯҳбатамон, агар пеш аз дам додан сумалакро гармогарм ба зарфҳои шишагӣ гирифта, даҳонашонро бо сарпӯши тунукагӣ (кришка) нағз маҳкам кунанд ва дар ҷойи салқин нигоҳ доранд, мисли меваҳои консервашуда онро то як сол захира кардан мумкин аст.

Мусаввараҳои рӯйи сумалак

Бештари вақт мардум кушодани рӯйи сумалакро интизор мешаванд, зеро дар рӯйи он манзараҳои гуногун, гул, дарахт, парранда, асп ва ғайра пайдо мешавад.
"Воқеан вақте рӯйи дегро мекушоем, дар сумалак мусаввараро мебинем. Ба ин чиз бештар наврасону ҷавонон таваҷҷӯҳ доранд. Ҳар кас ин расмҳоро ба ҳар чиз монанд мекунад. Мардум бо шавқ онро сурат мегиранд. Дар тӯли солҳои сумалакпазиям ягон маротиба рӯйи сумалаки пухтаам бе ягон тасвир набаромадааст,"-мегӯяд қаҳрамони мо.

Хусусиятҳои шифобахшии сумалак

Сумалакро ба ҳазору як дард даво мегӯянд. Он аз витаминҳо бой буда, хусусиятҳои шифобахшии зиёде дорад. Мувофиқи маълумотҳо истеъмоли он барои рафъи фарбеҳӣ, пешгирии диабети қанд, тақвиятбахшии иммунитет, фаъолияти дилу рагҳо, асаб, аъзои таносул, беҳшавии кори ғадуди сипаршакл, бемориҳои экзема ва ғайра муфид аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД