formula
Зани тоҷик бо тифли навзодаш дар Русия гум шуд
3448


Солҳои охир дар қатори мардон иддае аз занони тоҷик бо мақсади дарёфти ризқу рӯзии худ ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Албатта кашидани бори гарони муҳоҷират барои ҷинси латиф осон нест ва баъзан дар мулки бегона ба сари занони муҳоҷир ҳодисаҳои нохуш омада, гирифтори фалокат ва ё фоҷиа мегарданд.

Спутник дар такя ба маълумоти расонаҳои русӣ аз гум шудани як ҷавонзани 18-солаи тоҷик бо тифли навзодаш дар шаҳри Ленинград хабар додааст. Ҷавонзани ғайбзадаи тоҷик ҳамагӣ 18 сол дошта, аллакай оиладор ва соҳиби як фарзанд ҳам будааст.

Тавре ки манбаъ мегӯяд, ҷавонзани бе ному нишон ғайбзада дар деҳаи Пчевжа дар ноҳияи Кириш зиндагӣ мекардааст. Рӯзи 16-сентябр байни ӯ ва шавҳараш ҷангу ҷанҷол сар зада, баъди ҳамон моҷарои оилавӣ зан қаҳр карда, тифли навзодашро гирифта аз хона баромада рафтааст.
Шавҳари 28-солаи зан дар рафти бозпурсӣ ба кормандони пулис гуфтааст, ки ҳамсараш кӯдакро гирифта, қаҳр карда ба хонаи падару модараш рафт ва

дигар бо ӯ тамос нагирифт, зеро телефон надошт.
Падари 53-солаи ҷавонзани ғайбзада мегӯяд, духтараш баъди моҷарои оилавӣ писарчаи навздашро гирифта аз бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Стоителей баромадааст ва бо ҳамин бедарак гашта, то кунун аз ӯ ягон хабар надоранд.
Бори охир ҷавонзанро бо тифлакаш субҳи 17-сентябр ҳангоми ба электричка нишастан дидаанд.
Шӯъбаи ноҳиявии идораи тафтишотии вилояти Ленинград ба ҷустуҷӯи зан ва тифли навзодаш машғул аст, вале аз байн 4 рӯз гузашта бошад ҳам то ҳол аз ин модари ҷавон ва фарзандаш ягон нишон пайдо накардаанд.

Мо аз тамоми муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар ин минтақа зиндагӣ мекунанд ва дар бораи ин зан ва тифлакаш маълумоте доранд, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дар пайдо намудани ин модари ҷавони тоҷик ва фарзанди кӯчакаш ёрӣ расонанд.

Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД