Ману шавҳарам баъди зиндагии муштарак аз ҳам ҷудо шудем. Акнун барои хонадоршавӣ пешниҳод карда истодаанд. Мехоҳам донам, ки оё зани талоқшуда идда дорад, агар ҳа муддати он чӣ рӯз ё моҳ аст?
Гуландом
Агар зане аз шавҳараш лафзи “талоқ” шунавад ё лафзе, ки ба талоқ далолат кунад ва пас аз пурсидани аҳли илм донад, ки дар ҳақиқат талоқ воқеъ шудааст, аз ҳамин замон муддати иддаи ў оғоз мешавад.
Муддати идда ба ҳолати занон вобаста аст. Агар зан ҳайзбин бошад, иддааш пас аз талоқ се ҳайзи комил аст. Агар зани ҳомила бошад, пас аз таваллуд иддааш тамом мешавад.
Агар зане бошад, ки аз сабаби хурдсолӣ ё калонсолӣ ва ё беморӣ ҳайз намебинад, иддааш се моҳ аст.