Arzon march 2024
Зани шавҳардида гирам, шарманда мешавам?
08.05.2023
ОИЛА
2421

Ҷавони 25- сола ҳастам, соли гузашта донишгоҳро хатм кардам ва ҳоло аз рӯйи ихтисосам кор карда истодаам. Ҷавонзанеро дӯст медорам, ки ҳамагӣ 20 сол дорад, вале аллакай номи бевазанро гирифтааст.

Духтари покдоман ва сархаму меҳрубон аст, аммо ба як ҷавони нашъаманд ба шавҳар баромада, баъди шаш моҳи зиндагӣ хонавайрон шудааст. Фарзанд надорад. Ман ӯро аз ҷонам бештар дӯст медорам, вале падару модарам ду пояшонро ба як мӯза андохта мегӯянд, ки мо беваро келин намекунем, гӯё бо зани шавҳардида издивоҷ намудани ҷавони муҷаррад айб ва шармандагӣ будааст. Борҳо ба волидонам гуфтам, ки як бор шавҳар карда бошад ҳам, барои ман дӯстдоштаам аз сад духтар болотар меистад, чунки инсони хуб, бафаҳм, худотарс ва меҳрубону хоксор аст, вале онҳо маро ҳатто шунидан нахостанд. Аллакай духтареро таги чашм кардаанд ва дар тараддуди тӯй ҳастанд. Ман хуб медонам, ки бо арӯси ёфтаи падару модарам издивоҷ намоям ҳам, зиндагии мо дер намепояд ва хоҳ-нохоҳ ҷудо мешавем, чунки он духтар ягон зарра писандам нест. Намехоҳам ҳам худам ва ҳам он духтарро дар зиндагӣ бадбахт созам, вале на хешу табор ба гапам гӯш медиҳанд, на волидонам. Сарҳисоби зиндагиамро гум кардаам, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Як бандаи худо 2023-05-10, 23:30
Хохиши худатро амали кун на падару модаратро зеро ишк набошад зиндаги ширин нест.амо бо падару модарат мехрабонона сухбат бикун.он духтарероки ба ту пешниход мекунанд рад кун хаёташро насузон.зеро дил шикастан кори мардони хакики нест.
Посух
Маҳфуза 2023-05-12, 06:43
Ассалому алейкум,бародари азиз ,шояд ин бахти Шумо бошад!он духтарҳам намехост,ки бахташ шиканад,шояд ин кори тақдир бошад ва ҷуфти ӯ шумо бошед вале баҳар ҳол аввал дили падару модаратонро ба даст оред бе розигии онҳо издивоҷ накунед.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД