Sebiston new 2024 october
ЗАНИ ШАТТОҲ БЕХОНУМОНАМ КАРД
3550

Падарам маро бо дӯстдоштаам Назокат неву бо хешдухтарамон Холбибии шаттоҳ хонадорам намуда, ҳаётамро барбод доданд. Зиндагии оилавиам аз аввал лаззату маънӣ надошт, зеро арӯсам Холбибӣ бисёр зани бадтинат баромад.

Худро аз ӯ дур гирифта, аксар вақт ҷойгаҳамро ҷудо мепартофтам. Арӯси шаттоҳ ба ҷойи сабаби чунин рафтор намудани маро андеша карданду хулосаи зарурӣ бароварда, ислоҳ шудан рӯзу шаб гӯшу майнаамро мехӯрд, ки ту беморӣ, барои ҳамин аз ман мегурезӣ. Дидам, ки ба ҷуз худро азоб додани ман дигар муроде аз ин ҷудо кардани бистари заношӯӣ ҳосил намешавад, ба тақдир тан додам.

Дилам ҳамоно барои ишқи аввалам гум мезад, вале дигар бахти аз даст рафтаро бар гардонида наметавонистам, зеро Назокатро аллакай ба марди занмурдае ба шавҳар дода буданд. Зиндагии оилавии ман ба ҷуз дарёи ғаму дард дигар чизе набуд. Дигарон бо ҳамсарашон шириниҳои ҳаётро тақсим намоянд, ман аз занам танҳо заҳри забон “туҳфа” мегирифтам. Ҳамин тавр ҷангу ҷанҷолкунон мо соҳиби ду фарзанд шудем, вале модар шудан ҳам ақли Холбибиро комил нагардонд. Ростӣ, барои одам кардани занам тамоми усулҳоро ба кор бурдам, насиҳат кардам, панд додам, зиндагии ширини дигаронро мисол овардам, ҳатто задам, вале ин занаки морзабонро на сухани хуб ба кӯчаи одамгарӣ дароварду на мушту лагад. Даҳону бинияш аз зарби мушту лагад шикасту дарид, вале ҳамоно аз шаттоҳӣ намемонд.

Як шаб пас аз ҷанҷоли навбатӣ ҷонам ба лабам расиду ошкоро гуфтам, ки ман туро дӯст намедорам, беҳтараш на худатро азоб деҳу на маро, фарзандонатро гиру баромада рав. Падарам ин гапро шунида ба сарам шӯрид, ки чаро бачаҳоямро сағера кардан мехоҳам. Дидам, ки намешавад, кӯчу бандамро гирифта ба шаҳр омадам. Ҳамин тавр чандин сол дар яке аз мактабҳои шаҳр қаровулӣ карда гаштам. Азбаски хона надоштам, зани нав гирифта натавонистам. Хабари марги падарамро шунида ба деҳа рафтам, вале зану фарзандонам нагузоштанд, ки қадамамро ба остонаи дар гузорам.

Имрӯз синнам аз шаст гузаштааст, вале то ҳол дар ёди ишқи аввалинам Назокат месӯзам. Медонам, ки дигар аз ин сӯхтану гудохтанҳои ман суде нест, аз ҳамин хотир қалам ба даст гирифтам. Мехоҳам мисли дигарон зиндагии обод дошта бошам. Мехоҳам зани ҷавон дошта бошаму мисли Назокати аз дастдодаам дӯсташ дорам, вале ҳайронам, ки дар ин синну сол маро ягон бону мегирифта бошад.

Саидмурод, зодаи н. Ҳисор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД