Эркадухтар
Бачагии ман дар оилае гузаштааст, ки он ҷо фазои меҳру муҳаббату дӯстдорӣ танинандоз буд. Волидонам ҳамдигарро дӯст медоштанду мо фарзандон дар сояи ин ишқи бузург қад кашида, ба воя мерасидем. Деҳаи мо шояд хушманзартарин мавзеи Тоҷикистон бошад, ҳарчанд зимистонаш назар ба дигар минтақаҳои кишвар тӯлонитар аст, вале биҳишти сабзу хуррам ва боби тамошост.
Ана дар ҳамин деҳа байни шаш фарзанди падар, се писару се духтар- духтари таърифие ба воя расидам. Ҳарчанд резапайкар будам, вале ҳунармандию чеҳраи зебоям диққати одамонро ба сӯям ҷалб мекард.
Ҳарчанд саводи хуб доштам, вале баъди хатми мактаб волидонам аз байни хостгорони бешумор, хостгории як дугонаи модарамро, ки дар маркази вилоят зиндагӣ мекард, қабул намуданд. Модари домодшаванда ҳамдеҳаи мо буду шавҳар карда, шаҳрӣ шуда буд. Ӯ барои писари ягонааш, ки донишҷӯйи Донишгоҳи тиббӣ буд, маро келин хуш кард. Ҳарчанд ҷавонро надида бошам ҳам, чун дигар духтарон ба гапи волидонам гӯш кардам, духтарони таѓои шавҳаршавандаам дар деҳаи мо мезистанду таърифашро мекарданд. Яке аз онҳо сурати писараммаашро ба ман нишон дода гуфт:
-Сайёра ту духтари хушбахтӣ, бин, Олимҷони мо чӣ гуна зебо аст…
Ман аз шарм ба сурат назар накардам, аммо Низораи шилқин суратро ба зӯр дар кисаи камзулчаам хаста худаш рафт. Ман давида ба хона даромадам, модарам назди тиреза биринҷ тоза мекард ӯ авзои маро дида пурсид:
- Чӣ ин қадар суп-сурх шудаӣ, аҳволат хуб аст?- Ман гӯё гуноҳе карда бошам, забонам гирфт ва канда-канда- ҳиччӣ хубам,- гӯён ба хонаи дигар гузаштам. Чанде худро ба ину он андармон сохтам, чун дидам, ки модарам ба ошхона хӯрокпазӣ рафт, бо эҳтиёт суратро аз ҷайбам бароварда ба он нигаристам… аз он ҷавони зебое бо табассум ба ман менигарист, ӯ чунон хушлибосу бо карру фар буд, ки гумон мекардӣ қаҳрамони ягон кинофилм аст. Ман бо як нигоҳ ошиқи ҷавони зебои хуштабассум гаштам. Дар дил ба падару модарам раҳмат мегуфтам, ки барои ман зеботарин ҷавони дунёро шавҳар интихоб намудаанд. Бо сад армон тобистонро интизор будам, зеро тӯямон бояд тобистон баргузор мегашт…
Ташвишҳои пеш аз тӯй
Баҳор фаро расиду бародару падарам таъмири хонаҳоро сар карданд, ман бо ҳаваси зиёд барои Олимҷонам тоқию миёнбанд ва рӯймолчаи гулдӯзӣ духтам. Модарам низ барои ман ҷиҳози арзанда тайёр мекард. Моҳи май дар кӯҳистон авҷи камолоти баҳори нозанин аст, дар ҳамин рӯзҳо модари Олимҷон меҳмонамон шуду сарупои маро оварданд. Ӯ бароям сарупои зебо ва гӯшвораҳои тиллои ҳамон вақтҳо машҳури «самовор» тӯҳфа овард. Модарам меҳмононро бо эҳтироми зиёд қабулу гусел карду омодагӣ ба тӯй оѓоз гашт. Ташвишҳои пеш аз тӯй низ ба охир расиданду рӯзи тӯй муайян гашт..
Домоди гуреза
Хешу табор ва занони маҳалла ҷамъ омада, кулчаю ҳалво, қатламаю орзуқ, яъне тӯшаҳои мани наварӯсро тайёр мекарданд. Рӯзи тӯй ҳам фаро расид, ман бо ёрии дугонаҳоям худамро чун арӯсак оро дода, мунтазири домоди орзуҳоям менишастам. Дугонаҳоям доира зада, ашӯла мехонданд, мерақсиданд, ман бошам ѓарқи орзуҳои ширин чашмони интизорамро аз роҳ намекандам. Рӯз бегоҳ мешуд, офтоб паси кӯҳҳои сангини кӯҳистон майли пинҳон шудан дошт, вале аз шаҳмардон дарак набуд. Ҳама ба ташвиш афтоданд, дили ман сип-сиёҳ шуд, дигар ба гӯшам на шӯхии духтарон мефориду на чизи дигар. Мардум ҳама пароканда шуда, ба хонаҳояшон рафтанд, дар хона фақат хешони раҳдурамон монданду халос. Он вақтҳо телефонҳои мобилӣ набуданд, ки занг зада, аз вазъият огаҳ шавем. Волидонам гумон мекарданд, ки шаҳмардон ба садамаи автомобилӣ гирифтор шуданд, аммо...
Шом фаро расиду мошини сабукраве пушти дарвозаамон қарор гирифт, ҳама ба пешвози меҳмони навомада давиданд. Аз мошин падару модари домодшаванда фаромада, бо сари хам вориди хонаи мо шуданд. Ман шарму ҳаёро фаромӯш карда, давида пушти дари меҳмонхона рафта, ба сӯҳбати эшон гӯш додам. Маълум шуд, ки Олимҷон як ҳамсабақашро дӯст медоштаасту бар раѓми падару модараш ҳамроҳи ӯ аз никоҳи давлатӣ гузаштааст, занаш интизори фарзанд будааст…
Давом дорад