Пиразаниҷопонӣ КанэТанака, ки ба китоби рекордҳои Гиннес ҳамчун зани пиртарин ворид гардидааст, санаи 2-юми январи соли равон 119-солагии худро ҷашн гирифт.
Айни замон пиразан дар Хонаи пиронсолон умр ба сар бурда, бо сабаби паҳн шудани коронавирус наздикони худро дида наметавонад. Канэ Танака 2-юми январи соли 1903 ба дунё омада, ҳангоми Ҷанги дуюми ҷаҳон шавҳару писари калонияшро аз даст додааст. Танака тамоми умр бо фурӯши нони биринҷӣ машғул шуда, соли 1970 ба нафақа баромадааст. Бонуи дарозумр хӯрдани шоколад ва нӯшокиҳои газнокро хеле дӯст медорад.