Arzon march 2024
ЗАНИ ХУШРӮЙ ОФАТИ ҶОНАМ ШУД
06.09.2020
Р. Азимӣ
8049


Фарзанди кенҷагии оила ҳастам, аз ҳамин хотир волидонам барои ман арӯси беҳтарин меҷустанд ва ниҳоят кофта-кофта донишҷӯдухтари нозанинеро пайдо намуданд.

Мавлуда дар курси сеюм мехондааст. Ростӣ, ин духтараки паричеҳра аз нигоҳи аввал ба ман писанд афтод. Таъриф карданӣ нестам, вале ҳусну ҷамоли занам ба таърифу тавсиф меарзад. Чеҳрааш шир барин сафеду рухсораҳояш гул барин зебо ва қаду қоматаш дилрабо! Хулласи калом, мисли парь зебост хамсарам, аммо...

Мавлударо бо тӯю тамошо ба хона овардему рӯзи сиёҳи ман сар шуд. Субҳ ба кор рафтанӣ шуда, аввал ҳамсарамро ба донишгоҳаш бурда мемондам. Раҳораҳ чандин бачаҳо ҳатто ба тоқии арӯсии сараш аҳамият надода ба занам гап мепартофтанд. Дашном медодам, гапҳои пасту баланд мезадам, ҳатто даст ба гиребон мешудам, баъзеашон узр мепурсиданду бархи дигарашон бешармона “эй ака, чиба хафа мешавӣ, себи хубонира касе, ки бубинад, дилуш гум зада, як санг мепартояд-да! Сеғераи хушбахт будаӣ, ки ин хел паризод насибут гаштай! Ош шавад” гуфта гузашта мерафтанд. Мавлуда шиква мекард, ки дар бозгашт ҳам аз дасти ин “ғулҳо” рӯз надорад ва сари роҳашро гирифта, ҳар хел гапҳои аблаҳона мегӯянд.

Сарам вайрон мешуд ва дар дил худро маломат мекардам, ки чаро зани зебо гирифтам. Ягон духтари бадафти хунукрӯйро мегирифтам, албатта касе сӯяш наменигарист ва бепарвою осудахотир мезистам. Гумон мекардам, ки сабаби ба ҳамсарам таваҷҷуҳ намудани ҷавонон либосҳои аврупоӣ пӯшиданаш аст, бинобар ин аз Мавлуда талаб кардам, ки минбаъд либосҳои миллӣ пӯшад. Бадбахтона, куртаи миллии занам ҳам ҷони маро аз рашку азоб халос карда натавонист. Ҳамоно дар кӯчаю бозор мардҳо ба занам гап мепартоянду ман бо онҳо даст ба гиребон мешавам.

Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, ҳамсарам тез-тез ба тӯйҳои ҳамсабақонаш рафтанӣ шуда, ҷони маро ба лабам меорад. Аз рашк оташ гирифта аксаран Мавлударо бо мушту лагад аз рафтан ба маҳфилҳои ҳамкурсонаш боз медорам. Падарам тарафи келинашро гирифта “мон рафтан гирад” мегӯяд. Сабаби асосии садди роҳи занам гаштанамро пинҳон дошта мегӯям: Наход зани шавҳардор ба ҳар ҷое, ки ҳамсабақонаш даъват кунанд, рафтан гирад?! Духтар, ки шавҳар кард, дар хонаи шӯяш мешинад!

Шавҳари аз рашк девонашуда.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД