Ҷавонзани 24-сола, сокини ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзободро бо гумони қасдан расонидани зарар ба саломатии фарзандаш дастгир намуданд, хабар додааст Вазорати корҳои дохилии кишвар.
Тавре манбаъ қайд менамояд, ин модари ҷавон фарзанди се солаашро лату кӯб карда, баъдан дар қафаси синааш бо корд ду забра задааст.
Сабаби ҳодисаи мазкур шарҳ дода нашудааст, вале манбаъ меафзояд, ки нисбати гумонбаршаванда бо моддаҳои 174 ва 112-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.