Ман марди 35-сола, ронандаи таксӣ, дар шаҳри Душанбе иҷоранишин ҳастам. Маро як мушкили оилавӣ маҷбур кард, ки ба шумо муроҷиат намуда, аз нафарони рӯзгордида маслиҳат пурсам.
Гап сари он аст, ки занам тамоми маблағе, ки ман аз ронандагӣ ба даст меорам, аз дастам тин ба тин кашида мегирад. Зани қишлоқии ман дар хона умуман хӯрок намепазаду дасташро ба косаи тар намезанад. Бо се кӯдаки хурдсол корамон фақат дар ошхонаву тарабхонаҳои шаҳр субҳонаву хӯроки нисфирӯзӣ ва хӯроки шом истеъмол кардан аст. Агар дар ҷои зани ман зани боақлу боандеша мешуд, пулҳои коркардаи маро ҷамъ мекарду зудтар соҳиби ягон сарпаноҳ мешудем. Ин зани беақл фикр намекунад, ки фардо фарзандон калон мешаванду ниёзҳоямон низ афзуда, бо пули иҷора додану дар тарабхонаҳо хӯрок хӯрдан соҳиби чизе намешавем.
Ҳар дафъае, ки занамро сари инсоф хонданӣ мешавам, чунон шӯру мағал мебардорад, ки роҳамро гум мекунам. Агар рӯи хотири се ҷигарбандам намешуд, кайҳо аз баҳри чунин зани бефаросат мебаромадаму ҷонамро аз зиндагии пуразоб халос мекардам. Занам медонад, ки барои фарзандонам ҷонамро дареғ намедорам, барои ҳамин маро аз ҷудоӣ бо фарзандонам метарсонад.
Рӯз ба рӯз зиндагӣ бо чунин зан бароям тоқатфарсо гашта истодааст ва чӣ кор карданамро намедонам. Хоҳишмандам ба ман чӣ маслиҳат диҳед, бо зани золим чӣ гуна муросо намоям?
Хонандаи “Оила”