Зулайхо ном дорам. 54 -сола ва соҳиби 6 фарзандам. Шавҳарам вазифадору пулмаст аст. Бори чаҳорум аст, ки дар болои ман зан мегирад.
Зани наваш акнун 23- соламешавад, вале чунон шаттоҳ аст, ки рӯю мӯйи касро канда мегирад. Ба ҷойи он, ки ман –соҳиби шавҳар даъво кунам, ин ҷавонзани шаттоҳ, ки занидуюми мардакам аст, ба хонаам омада, ҷангу ҷанҷол мебардорад.
Талаб дорад, ки ману бачаҳоям ба хонаи дар қишлоқ будаамон кӯчи даравему ин хонаро ба вай диҳем, чунки ба гуфти худаш аз падари бачаҳои ман ҳомиладор будааст. Шавҳарам ҳам зани ҷавонашро тарафгирӣ мекунад. Хонаамро ба ин шавҳардузд доданӣ нестам.
Ба куҷо муроҷиат намоям? Агар шикоят кунам, шавҳарамро барои дузанагиаш аз озодӣ маҳрум месозанд?
Зулайхо, ш.Душанбе