Салом! Ман як зани 50-солаи рӯзгордида ҳастам ва мехоҳам назарамро дар бораи мардҳои дузана гуфта, фикру андешаи дигарон фаҳмам.
Дар маҳаллаи мо марди сарватманде зиндагӣ мекунад, ки ду зан дорад. Ҳамсари якумаш бисёр инсони хуб, ҷавонзани тозакор ва меҳрубону ҳунарманд аст. Чандин сол боз ҳамсояем, вале ягон бор бо касе ҷангу ҷанҷол кардани ин занро надида будам, аммо рӯзе аз хонаи онҳо садои доду фарёд баланд шуд. Ҳисси кунҷковиам боло гирифт, ки чӣ гап бошад ва як коса хӯрок гирифта, аз дари хонааш даромадам. Ҳамсояи бечораам аз куҷое зани дуюм гирифтани падари бачаҳояшро фаҳмида будааст ва зану шавҳар ҷангу ҷанҷол доштанд.
“Ҳоло ист, оимчаатро зада накушам, намемонам!”,- бо овози гиряолуд дод мезад ҳамсоязан. Мардаки беандеша ба ҷойи он ки гапҳои хуб зада, дили занашро ёбад, баръакс зӯрию пештозӣ гуфтагӣ барин, ба сари занаш даст бардошта, ӯро латукӯб мекард...
Маро дида, мардак шарм дошт ва занашро дашномдеҳон баромада рафт. Пас аз рафтани шавҳараш сабаби доду фиғонашонро пурсидам. “Дугонаҷон, шавҳари хонасӯхтаам дар болои ман зан гирифтааст, суратҳои беваша бо чашми худам дар телефонаш дидам” гӯён, ҳамсояам бо алам гиря карду гуфт, ки вақтҳои охир ҳамсараш тамоми пули меёфтаашро ба зани дуюмаш сарф карда, парвои онҳо надорад. Ман ӯро дилбардорӣ намудам, ки барои як кайк шуда, пӯстинашро оташ назанад ва бо шавҳараш ҷангу ҷанҷол карда, ҳаёташро талху зиндагии оилавиашро вайрон накунад, дер ё зуд ақли падари фарзадонаш ба ҷояш омада, аз баҳри зани дуюмаш мегузарад...
Хулоса, то метавонистам ҳамсоязанро дилдорӣ додам, то ки оилааш вайрон ва фарзандонаш зиндаятим нашаванд, вале шавҳараш ба ҷойи он ки гуноҳашро бо ғамхорӣ нисбат ба зану фарзандонаш пӯшонад, баръакс либосҳояшро ҷамъ карда, ба хонаи зани дуюмаш рафтааст.
Чанд вақт шуд, ки зану фарзандонаш дар хона гуруснаю ташнаанд, вале ин марди ҳавасбоз бо оимчааш кайфу сафо карда гаштааст. Бечора занаш шабу рӯз гирёну нолон аст.
Ман ба ҳамин мардҳои тоҷик ҳайронам, кисаашон, ки бӯйи пулро дид, зани дуюму сеюм гирифта, модари бачаҳояшонро ба гирдоби рашку ғаму дард гирифтор месозанд ва ба ҷойи дилёбӣ кардан ба зани якумашон ҷабру ҷафо ҳам мекунанд...
САДБАРГ, аз ш. Ҳисор