Тиша Шелтон аз Миссури бо шарофати наворҳои аҷибе, ки тез-тез дар ютуб-каналаш нашр мекунад, дар сар то сари ҷаҳон машҳур гаштааст.
Гап дар сари он аст, ки ин духтарак аслан даст надорад, вале бо пояш чунон моҳирона мошин меронад, ки ҳатто ронандагони таҷрибадор дар ҳайрат мемонанд.
Тиша Шелтон бо пахши наворҳои ҷолиб аз ҳаёташ исбот кардан мехоҳад, ки маъюбият наметавонад монеъи пешравиҳои инсон дар зиндагӣ гардад.
Тиша аз модар маъюб ба дунё омадааст ва аз ду даст маҳрум мебошад. Аммо ин духтари мубориз ба бозиии бераҳмонаи сарнавишт таслим нашуда, ба ҷойи даст пойҳояшро истифода мебарад.
Тиша Шелтон тамоми кору бори рӯзгорро бо истифодаи пойҳояш анҷом медиҳад, дар ҳоле, ки бар замми тамоман даст надоштанаш пойҳои Тиша низ иллат доранд. Пойи рости духтарак аз пойи чапаш 20 сантиметр кӯтоҳтар аст, илова бар ин, устухонаш каҷ ва ба дарун тоб хӯрда, кафи пояш дар болост.
Ба ҷойи Тиша каси дигар мебуд, бо ин аҳвол шояд то дами марг аслан аз бистар намехест, вале ин духтараки мубориз ба тақдир тан надода, бо пояш ҳар рӯз худро орову торо медиҳад, яъне макияж мекунад. Тиша бо пояш хӯрок мехӯрад, манзилашро тамиз мекунад ва дигар кору бори рӯзмарраи худро анҷом медиҳад.
Тиша Шелтон ҳатто бо пояш мошин ронданро низ хеле хуб омӯхтааст ва автомобилеро, ки махсус барои ӯ сохта шудааст, моҳирона идора карда, наворҳои ҷолиби мошинрониашро дар ютуб паҳн менамояд. Ҳазорон-ҳазор одамон наворҳои ҷолиби ӯро тамошо карда, ба Тиша офарин мехонанд ва мегӯянд, ки дӯст доштани зиндагӣ ва мубориза барои ҳаётро аз ин духтари ҷасур омӯхтаанд...