formula feb 2025
Зани баҷоӣ доштани шавҳарамро фаҳмидаму...
06.03.2025
Фируза
2214

Салом! Ман як зани хиёнатдида, мехоҳам саргузаштамро нақл карда, аз хонандагони азиз маслиҳат бипурсам.

Одамон ба нохуни пойи фарзанд зоранд, вале шавҳари ношукри ман “занак, ту аз духтарзоӣ кай сер мешавӣ?! Аќалан як бачакун!» -гӯён, мудом бо ман ҷангу ҷанҷол мекард. Худованд писар ё духтар зоиданро ба ихтиёри худи кас мемонд, якто не, даҳ бача мекардам, вале фарзанд доди Худост, хоҳад медиҳад, нахоҳад не.

Шавҳарам дар шаҳр кор мекард ва баъзан шабҳо ба хонанамеомад, вале ҳатто ба гўшаи хаёлам намеомад, ки бо зани дигаре ишқварзӣ мекунад. Рӯзе як дугонаам хабар оврад, ки чанд маротиба шавҳари маро бо як зани бегона дидааст.

Асабонӣ шуда бошам ҳам, сир бой надода гуфтам, ки ягон шиносашон будагист, аҳамият надеҳ, аммо...

Рафтори шавҳарам торафт тағйир ёфта, ҳафтаҳо ба хонанамеомадагӣ шуд. Ҳисси кунҷкобиям боло гирифту пурсидам, ки мардак, росташро гўед, ягон бор ба ман хиёнат кардаед ё не?.Бо шунидани ин савол рангаш канд,аммо «занак, ту магар девона шудаӣ, охир ба ман чи намерасад, ки аз паси дигар беваҳо давида мегаштаам” гӯён, ба меҳрубонӣ гузашт. Дилам аз ин ҷавоби шавҳарам каме ором гирифт, вале чанд рӯз пас як шаб телефонаш занг заду шавҳарам гӯширо гирифта оҳистаяк ба берун баромад. Ба дилам алав афтида аз пасаш поидам. «Барои чи дар ин поси шаб ба ман занг мезанӣ, агар занам фаҳмад, қиёматро қоим мекунад. ” мегуфт шавҳарам. Намедонам ҳамсуҳбаташ чи гуфт, вале дар ҷавоб падари фарзандонам “ ҷонакам, худи ман ҳам аз ҷак-ҷаки ин занаки серҷоғ кайҳо безор шудаам, вале ҷойи гурез намеёбам. Дасту дилам аз зиндагӣ бо вай хунук аст, лекин илоҷ надорам, метарсам, ки агар онҳоро партофта равам, духтарҳоям бе падар монда, ба роҳи бад нараванд” гӯён,оҳи сард кашид.... Ҳамон шаб то саҳар аз алам гиря кардам. Чанд рӯз боз аз гулӯям ягон чиз намегузарад, вале ҷуръати дар ин бора ошкоро бо шавҳарам суҳбат карданронадорам, зеро метарсма, ки талоқамро медиҳад. Илтимос,ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам? Садбарг аз ш. Ҳисор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД