arzon replenishment
ЗАНИ ҚАДАМИ ҚУРБОНРО СЕЛ БУРД Ё НАБУРД?
6451

Боришоти пай дар пайи рӯзҳои охир ва омадани сел дар як қатор ноҳияҳои Вилояти Хатлон боиси пайдо шудани хабарҳои ҳангомавӣ дар сомонаҳои интернетӣ гаштааст.

Иддае аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дониставу надониста навор ва хабарҳои ваҳманегезро дар бораи марги одамон бар асари селборони охир паҳн менамоянд. Субҳи имрӯз дар шабакаи Ютуб навори кӯтоҳе пайдо шуд, ки дар бораи ба коми сел рафтани як мошини сабукрав, ки дар дохили он ҳамсари ҳунарманди шинохта Қадами Қурбон будааст, нақл мекунад. Дар навор дида мешавда, ки чи тавр се-чаҳор мард қад-қади дарё қадам зада, касе ё чизеро ҷустуҷӯ доранд. Садои мардонае ба гӯш мерасад, ки мегӯяд:

“Ин бародаро ай Чагаманд. Зани Қадами Қурбон як мошини Нексияда савор шудай. Дар мошин ба ғайри зани Қадам боз ду ҷавону як кӯдаки дигар ҳам будаст. Сел нексия чаппагардон карда бурдай. Кӯдака аз деҳаи Сарчашма ёфтанд. Бечора кӯдакак мурдаст. Ин мардако ҳамон ду ҷавони дар мошин будагия кофта истодаанд. Дуо кунед, ки ёбанд... “

Бо ҳамин нақли мард ба охир расида, дар идомаи ин навор фақат шиддати сел ва бар асари боришоти зиёд дамидани оби пур аз хоку лойи дарё намоиш дода мешавад...
Ин навор моро ба ташвиш овард ва ба хотири фаҳмидани асли ҳодиса ба хонаи Қадами Қурбон занг задем. Телефонро яке аз писарони Қадами Қурбон бардошта гуфт, ки модараш бар асари сел каме зарар дида бошад ҳам, шукри худо зиндаву саломат аст.

-Айни замон модаратон дар беморхонаанд? Духтурҳо чӣ мегӯянд? Вазъи саломатиашон чи гуна аст?-Ташвишмез пурсидем мо.
Дар ҷавоб писари Қадами Қурбон гуфт:
-Модарам дар беморхона не, дар хона табобат мегиранд.Ба мухлисони падарам гуфтаниям, ки ташвиш нашаванд, ягон ҷойи хавотирӣ нест.

Мо ба ҳамсари Қадами Қурбон шифои комил хоста, дуо мекунем, ки Худованд кулли мардуми тоҷикро аз обхезӣ, сел, жола ва дигар балову офатҳои заминиву осмонӣ нигаҳбон бошад!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД