Дар шаҳри Боку як зани 34-сола, ки баъди ҷарроҳии ринопластика ба ҳолати вазнин афтода буд, даргузашт.
Нигяр Будаглӣ моҳи апрели соли 2025 дар клиникаи «MedAura» ҷарроҳии бинӣ гузаронида буд. Баъди амалиёт вазъи саломатии ӯ якбора бад шуда, тибқи иддаои наздиконаш, ҳангоми ҷарроҳӣ ба кома рафта ва баъдан фалаҷ шудааст.
Дар робита ба ин қазия ҷарроҳи ЛОР-эстетик Ягуб Асадӣ ва табиб-анестезиолог Ҷамила Алиева ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Додгоҳ онҳоро гунаҳкор дониста, ба се соли маҳрумият аз озодӣ ва ду соли маҳрум шудан аз фаъолияти тиббӣ маҳкум кардааст.
Нигяр Будаглӣ пас аз табобати тӯлонӣ рӯзи 22-юми августи соли 2026 даргузашт.