Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як зани 34-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ хабар дод, ки нияти фурӯхтани писари 8-моҳааш бар ивази 100 ҳазор сомониро доштааст.
Дар гузориши видеоии ин ниҳод боздоштшуда Зуҳрохон Розиқова, сокини деҳаи Турдиеви ноҳияи Рӯдакӣ гуфта мешавад.
Бино ба иттилои ВКД, ин зан рӯзи 18-уми январ ҳангоми дарёфти маблағ аз сӯи пулис боздошт шудааст. Мақомот нисбати Зуҳрохон Розиқова бо иттиҳоми “савдои кӯдакон” (моддаи 167 КҶ) парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Ин иттиҳом дар сурати собит шуданаш ҳадди ақал 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Назари гумонбар ва сабаби ба ин кор даст задани ӯ маълум нест.