Кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе занеро дастгир намуданд, ки манзили истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода буд. Дар ин бора Вазорати умури дохилии кишвар хабар додааст.
Тавре манбаъ менависад, гумонбаршаванда манзили истиқоматии худро ба фоҳишахона табдил дода, рӯзи 14-уми сентябри соли 2024 барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба ҷавони 24 ва ҷавонзани 19-солаи сокинони шаҳри Душанбе шароит фароҳам овардааст ва ҳамчун ҳақи хизмат аз онҳо 500 сомонӣ бо тариқи корти бонкии “Душанбе Сити” гирифтааст.
Бо ҳамин роҳ рӯзи 15-уми сентябр барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба ҷавони 22 ва зани 42-сола шароит фароҳам оварда, ҳамчун ҳақи хизмат аз онҳо 300 сомонӣ гирифтааст. Худи ҳамон рӯз барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 27 ва ҷавонзани 23-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Хуросон шароит фароҳам оварда, аз онҳо низ 500 сомонӣ гирифтааст.
Айни замон оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.