Муҳаррам Асоева 56-сола дошта, сокини ҷаомоти деҳоти Гулистони шаҳри Леваканд мебошад. Чандин сол боз ин зан бо аҳли хонаводааш дар “Хонаи худо” зиндагӣ мекунад.
Апаи Муҳаррам мегӯяд, беш аз 18 сол аст, ки мо азоби бехонагию дар ба дарӣ мекашем ва аз ночорӣ чанд соли охир дар масҷид умр ба сар бурда истодаем.
Аҳли ин оилаи камбағал дар як ҳуҷраи хурдакаки масҷиди кӯҳна дар шароити хеле сангин зиндагӣ мекунанд. Аз тарси он ки онҳоро аз ҳамин ҷо ҳам берун накунанд, шабҳо аҳли хонавода хоби ором надоранд.
“Ҳуҷрае, ки зиндагӣ мекунем, моли масҷид, масҷид бо дару девор ва долу дарахтонаш моли халқ аст. Дар ин ҷо чизе ба мо таалуқ надорад ва ҷуръат намекунем, ки ба ягон чиз даст расонем. Ба ҳаминаш ҳам шукр мекунем, вале метарсам, ки ягон рӯз моро аз ҳамин масҷиди кӯҳна ҳам берун мекунанд ва тамоман дар кӯча мемонем,”-мегӯяд зан.
Апаи Муҳаррам нафақа намегирад, чунки дар ягон ҷо кор накардаву аслан дафтарчаи меҳнатӣ надорад.
“Дар вақташ шавҳарам зан гирифта моро партофта рафта буд. Вақте ки пиру касалманд шуд, гашта омад. Сахт пӯшаймон шуда буд. Вақти мурданаш дар забонаш танҳо номи ман буд,”-сарнавишти дардолудашро қисса мекунад ин зани аз зиндагӣ наосуда.
Муҳаррам Асоева ду маротиба ҷарроҳӣ шудааст ва дигар кор карда наметавонад. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, духтараш Дилафрӯз бо ду фарзанд аз шавҳараш ҷудо шуда, дарди сари модар гаштааст. Писари 34 солааш аз бехонагӣ оиладор шуда наметавонад, зеро онҳо дар як ҳуҷра умр ба сар мебаранд ва аслан барои келин фаровардан ягон шароит надоранд.
Синну соли писарам кайҳо ба ҷое расидааст. Мехоҳам фарзандамро оиладор кунам, вале писарамро зан диҳам, ҳамроҳи ҳамсараш дар куҷо хоб меравад?-оҳи сарду пурдард кашида, мегӯяд модар.
Апаи Муҳаррам наметавонад ба хотири писараш шуда, духтарашро бо ду кӯдаки хурдсол аз дар берун кунад, зеро шавҳари Дилафрӯз дар зиндон буда, ба ғайри ҳамин кулбаи вайронаи масҷид, ки мардум аз сари раҳму шафқат модар ва бародарашро ба он роҳ додаанд, дигар ягон ҷойи рафтан надорад.
Дилафрӯз соли 2018 оиладор шуда, айни замон фарзанди калониаш ду солаву шаш моҳа аст. Ба гуфти худи ҷавонзан, шавҳараш майзада ва нашъаманд буда, ӯр хеле зиёд ранҷу азоб медод, баъдтар даст ба ҷиноят зада, зиндон шуд, бинобар ин, алимент дода наметавонад.
Дилафрӯз аслан хату савод надорад ва мегӯяд “ман ҳатто ному насаби худамро навишта наметавонам, бо ин ҳол кӣ маро ба кор мегирад?!”
Муҳаррам Асоева чанд сол боз дар ба дари идораҳо мегардад, то ки барояш ақаллан як порча замин ҷудо намоянд, аммо арзу доди ин зани камбағал ба гӯши роҳбарон расад ҳам, касе то ба имрӯз ба сӯяш дасти мадад дароз накардааст.
Умедворем, ки сарнавишти талхи ин зани тоҷик афроди хайрхоҳу хайрандешро бетараф намегузорад ва ба рақамҳои 919-04-19-87 занг зада, ба ин оилаи ниёзманд дасти ёрӣ дароз менамоянд.