Нурихон Ибодуллоеваи 75-сола беш 50 сол боз бо ҳунари зардӯзӣ ризқу рӯзӣ меёбад.
Ӯ ин корро аз модару хоҳараш омӯхтааст. Ин зани ҳунарманд гуфт, доштани ҳунар инсонҳоро аз вартаи нодориву пойбастагӣ наҷот медиҳад.
Ҳоло ин ҳунарманд аз нӯги сӯзан рӯзии худу хонаводаашро дарёфт мекунад. Вай дар деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамроҳи 10 узви хонаводааш умр ба сар мебарад ва ба келинҳояш ҳам нозукиҳои ҳунари зардӯзиро омӯзонидааст.
Кулоҳу рӯсарӣ, нимтанаву ҷомаҳои зардӯзишуда маҳсули дастранҷи ин хонаводаи ҳунарманд аст. Онҳо харидорони зиёд доранд.
Бино ба нақли қаҳрамони мо, барои пурра омода шудани як ҷомаи арӯсӣ ду-се рӯз вақт сарф мешавад. Бар замми ин, ҳунар меҳнати зиёд ва бодиққатиро талаб мекунад. Даромади асосии оилаи онҳо маҳз аз ҳисоби ҳунари зардӯзӣ аст ва худи ҳунарманд ҳам ифтихор мекунад, ки ҳоло бо ин касбаш дар байни мардум обрӯю эҳтироми хоса дорад.
Аммо қаҳрамони мо нигаронӣ дорад, ки вақтҳои охир шавқи сокинон ба ҳунарҳои мардумӣ коста гардидааст. Зеро имрӯз дар ҷомеа кам вомехӯранд шахсоне, ки ба ҳунари зардӯзии дастӣ машғул бошанд. Бар замми ин, хоҳишмандони омӯхтани ин ҳунар ҳам кам иттифоқ меафтанд.
Ин ҳунрамандзани тоҷик зимни суҳбат бо мо гуфт, агар ҳукумат ба ташкили корхонаҳои ҳунармандӣ дар шароити ноҳия ва ҷамоатҳо иқдом кунад, ин ҳунари замоне маъруфи аҷдодӣ шояд дубора рушд кунад.
Дар ҳамин робита ёдовар мешавем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2018 то 2021 - ро солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда буд. Дар пайи ин иқдом он нафароне, ки дар шароити хона ба ҳунармандӣ машғул буданд, як муддат аз пардохти андоз озод шуданд. Ин тасмими Ҳукумат ба хотири зиёд намуднаи шавқи ҳунарварӣ ва баланд бардоштани мақому нуфузи ҳунармандон амалӣ шуда буд.
Қаҳрамони мо Нурихолаи 75-сола худ нафақахӯр аст ва моҳона 300 сомонӣ нафақа мегирад. Аммо бино ба гуфтаи вай, дар шароити имрӯзаи ҷомеа ва гаронии нарху навои бозор ин миқдор нафақа барои рӯзгор кифоягӣ намекунад.
Ҳоло ин ҳунарманд умед дорад, ки ташкили корхонаҳои ҳунармандӣ дар оянда барои аз нав рушд кардани ҳунарҳои мардумии қадима саҳм мегузоранд.