tobiston
Зане, ки аз ҳар ангушташ ҳунар мерезад
273

Ситораи Файзуллодухт сокини шаҳри Истаравшан буда, солҳо боз ба атласбофӣ машғул аст. Ӯ дар баробари атласу адрасбофӣ ҳамзамон дар Коллеҷи ҳунарҳои мардумии Истаравшан аз рӯйи ихтисоси атласу адрасбофӣ дарс медиҳад. Ин зани ҳунарманд тӯли фаъолияташ дар ин даргоҳи ҳунар ба даҳҳо нафар донишҷӯён нозукиҳои ҳунарашро омӯхтааст ва имрӯз шогирдонаш мустақилона бо ин пеша машғуланд.

Матое, ки аз мӯд намеравад

Ситора дастпарвари Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммадҷон Осимии шаҳри Хучанд буда, баъди хатми донишгоҳ тасмим гирифт дар Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан ихтисоси атласбофиро ба роҳ монад.

"Аз хурдӣ ҳунарҳои дастиро дӯст медорам, зеро ҳунар натанҳо манбаи даромад, балки нерубахши ҷисмониву маънавии инсон аст. Аз айёми мактабхонӣ то имрӯз бисёр ҳунарҳои мардумиро омӯхтам, вале атласбофӣ таваҷҷуҳи маро бештар ҷалб кард. Ҳамин тавр, ба хулосае омадам, ки атласбофиро омӯхта, дар шаҳри Истаравшан ин ҳунарро рушд медиҳам ва ба дигарон меомӯзонам. Зиёда аз 10 сол аст, ки бо ин пеша машғулам",- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Атласу адрас маъруфтарин матои миллии тоҷикӣ буда, дар ягон давру замон аз мӯд нарафтааст. Дар гузашта ин матои зебову хушранг хоси шоҳдухтарону ашрофзодагон, бонувони дарбор ва сарватмандон буд. Аз ҳамин сабаб баъзе навъҳои онро "шоҳӣ" меномиданд. Имрӯзҳо он ба ҳама дастрас буда, бештар бонувон аз чунин матоъ либос мепӯшанд.

Тарзи бофтани атлас

Атласу адрас матои ба ҳам монанд буда, онро аз риштаи абрешими табиӣ мебофанд. Дастгоҳи атласбофиро ҳунармандон дӯкон низ меноманд. Чунин матоъҳо сербар ва камбар мешаванд. Ситора дар дӯкони бофандагияш атласу адраси камбар мебофад. Тарзи матоъбофиро қаҳрамони мо чунин нақл кард:

- Сараввал рӯйи авроқ тарҳи гули матоъро тасвир мекунем. Баъди нақшро интихоб кардан риштаҳоро бо рангҳои гуногун гулбандӣ карда, дар оби ҷӯшидаистода андохта мегирем. Вақте ашёи хом омода мешавад, онро ба дӯкони бофандагӣ мегузорем, сипас, бо риштаҳои пуд ба бофтан шуруъ мекунем. Рангҳоеро, ки барои атлас ё адрасбофӣ истифода мебарем, мо худамон аз пӯсти сабзавоту растаниҳои гуногун омода мекунем.

Ситора барои матоъ рангро аз пӯсти пиёз, боимҷон, анор, барги дарахт, дигар растаниҳо ва маъданҳо омода мекунад. Рангҳояш бо услуби қадима буда, барои сад дар сад табиӣ истеҳсол шудани атласу адрас мусоидат мекунад.

Навъҳои атласу адрас

То замони мо навъҳои гуногуни атласу адрас расида омадааст. Ҳар як навъи он бо ранг ва аз рӯйи нақши гулаш фарқ мекунад. Атлас аз рӯйи сабки ороиш беқасаб, бунафш, шоҳсабз, пудсафед, барги карам, хумӣ, нағора, шона, галашоҳ ва ғайра мешавад. Ситора алҳол се навъашро мебофад ва ният дорад дар ояндаи наздик дигар навъҳои атласу адрасро, ки бетаваҷҷуҳ мондаанд, истеҳсол намояд.

"Мо се намуд - гули бодом, шона ва беқасаб мебофем. Ҳоло кӯшиш дорем дигар намудҳои ин матоъи миллиро истеҳсол кунем. Мақсади мо танҳо истеҳсоли матоъ нест, балки ҳифз ва ба дигарон омӯхтани ҳунари дастӣ аст. Дар гузашта бонувони зиёд, ҳатто баъзе мардони ҳунарманд атласу адрас мебофтанд. Тоҷирон ин матоъҳоро аз ҳунармандон харида, ба кишварҳои хориҷ - Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва ҳатто ба Чин мебурданд. Кӯшиш карда истодаем, ки сафи ҳунармандонро зиёд намоем. Бонувони хонашин чунин ҳунарҳоро омӯзанд, метавонанд дар хона нишаста пайсае ба даст оранд",- гуфт қаҳрамони мо.

Ситора мехоҳад шогирдонашро зиёд намояд. Ба қавли ӯ матоъҳои дастӣ харидори зиёд доранд. Аз ҳамин сабаб сафи ҳунаромӯзон торафт афзуда, бонувони зиёде хоҳиш мекунанд ба онҳо атласбофиро омӯзонад.

"Албатта, дар ҳама давру замон ҳунарҳои дастӣ қадру қимати зиёд доштанд. Имрӯз ҳам мардум дастранҷи ҳунармандонро қадр мекунанд",- гуфт ҳунарманди ҷавон.

Гузаштагони мо аз матои атласу адрас натанҳо либос, балки гаҳворапӯш, кӯрпаву кӯрпача, болишту парда ва тоқиҳои арӯсӣ медӯхтанд. Имрӯзҳо низ мардум аз ин матоъ васеъ истифода мебаранд. Намояндагони дигар ҳунарҳо, аз ҷумла кулолгарон дар эҷоди худ аз нақшҳои атлас истифода мебаранд.

Ташрифи Пешвои миллат ба синфхонаи атласбофӣ

10-уми августи соли 2022 барои Ситора рӯзи фаромӯшнашаванда аст. Дар ин рӯз зимни ифтитоҳи бинои нави Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба синфхонаи атласбофӣ, ки Ситора дар он ҷо ҳунар меомӯзонад, ташриф оварданд.

"Ташрифи Пешвои миллат ба синфхонаи атласбофӣ, ки онро ман роҳбарӣ мекардам, барои мо як шарафи бузург аст. Ташрифи президенти маҳбубамон нишонаи эҳтироми ҳунарҳои мардумӣ ва кулли ҳунармандони тоҷик мебошад. Мо аз Пешвои миллат барои дастгирӣ ва муҳайё кардани чунин шароити хуб барои ҳунармандон сипосгузорем. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо барои эҳёву рушд ва ҷаҳонӣ кардани ҳунарҳои мардумиямон кӯшиш мекунем",- афзуд Ситора.

Ситора ҳоло ният дорад курсҳои ҳунаромӯзии кӯтоҳмуддат ташкил намуда, занҳои хонашинро ҳам ба ҳунаромӯзӣ ҷалб намояд.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД